Имрӯз, 4-уми сентябр дар қасри фарҳангии донишгоҳ бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид. Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат сухан намуда, ҳайати профессору устодон ва кормандону донишҷӯёнро бо ин ҷашни таърихӣ самимона шодбош намуда, изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин иди миллӣ аст, ки тамоми комёбиҳоямон ба он иртибот дорад.

Дар идомаи чорабинии идона, як зумра устодон ҷиҳати фаъолияти босамарашон дар раванди кори таълиму тарбия ва илму таҳқиқот бо ифтихорномаю сипоснома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Қисмати дигари чорабинии идонаро шеъру тарона ва суруду оҳангҳои дилошуб фарогир буд, ки моҳияти Истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро инъикос менамуд.