Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон тағйироти сифатан нав ба вуҷуд омад. Он дар заминаи фаноёбии низоми шуравӣ, рӯйоварӣ ба демократия ва ташаккули рӯҳияи нави сиёсӣ дар ҷомеа амалӣ мегашт. Ба раванди навоварӣ ва бамиёноии тағйироти куллии ҳаёти сиёсии ҷомеа сиёсати бозсозӣ пеш гирифта шуд. Воқеан, ин сиёсат ҳолати инкишофи ҷомеаи тоҷикро куллан дигаргун сохт. Муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маданӣ комилан тағйир ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, имкон пайдо намуд, ки самтҳои стратегияи инкишофи ҳокимияти олӣ ва идоракуниро муайян намояд. Ҳамчунин, дар масъалаи муносибатҳои динию дунявӣ тағйироти ҷиддӣ ба миён омад.

Дар замони муосир бо рушду ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва шакли давлатдории навин шумораи кишварҳое, ки шакли давлатдории дунявиро ихтиёр кардаанд, зиёд шудааст. Бисёре аз онҳо дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии худ арзишҳои дунявиятро (қонунӣ) расмӣ гардондаанд ва рушди босуботи ҷомеаро дар ин шакли давлатдорӣ медонанд.

Тоҷикистон низ охирҳои соли 1991 мафҳуми дунявиятро дар Конститутсия меъёри қонун гардонд. Мувофиқи моддаи якуми Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро давлати дунявӣ эълон медорад.

Чуноне мушоҳида мегардад, дастовардҳои намоёни Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоду ягонагии халқ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ таҳти роҳнамоии Президенти маҳбуби кишвар боиси нороҳатии душманони нохалафи дохиливу хориҷии миллати тоҷик гардидааст. Зери роҳбарии Сарвари мамлакат кишвари мо ба яке аз мамлакатҳои абарқудрат расида истодааст.

Метавон қайд кард, ки истиқлолият ин ҳамаро ба мо – миллати сарбаланди тоҷик ҳадя намуд. Ин ҳама пешравиҳои кишварро метавон зери мафҳумҳои бузурги ҳуқуқҳои инсон-озодии сухан, озодии виҷдон, озодии таҳсил, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма пайдо намуд. Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини соҳаҳои мухталифи ҷомеа тамоми шароити мусоидро фароҳам сохта истода, робитаҳои кориро бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя наздик намуда истодааст. Ва ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин ҳама падидаҳо ғайриимкон мебошад.

Имрӯз бошад аҳли ҷомеаи мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ пайхас менамоянд, ки Истиқлолият азизтарину волотарин неъмат, рамзи шарафу номуси миллат, осоиши хонаи ободу ҷомеаи ором ва сарбаландии ватани ҷавонамон мебошад.

А. Файзуллоев