Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз таъмири пурра бароварда шуд. Хобгоҳи донишгоҳ 4 ошёна буда, дорои 131 ҳуҷраи истиқоматӣ бо фарогирии 500 нафар донишҷӯён мебошад.
Тибқи тақсимбандӣ, дар ошёнаи якуму дуюм писарон ва дар ошёнаи сеюму чорум духтарон ҷойгир шудаанд. Дар дохили хобгоҳ барои шустушӯй, пухтупази хӯрок, дарстайёрнамоии донишҷӯён ва дигар шароити мусоид барои истиқоматкунандагон фароҳам оварда шудааст. Дохили хуҷраҳои хобгоҳ бо ашёву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад. Дар даромадгоҳи хобгоҳ Низомномаи истиқоматкунандагон мавҷуд аст, ки моҳияти он ба донишҷӯён фаҳмонида шудааст.
Барои буду бош ва таъмини тозагии донишҷӯён дар хобгоҳ мудири шуъба, тибибон, инчунин се корманди ёрирасони дигар фаъолият доранд.
Дар ҳар ошёнаи хобгоҳ аз ҷониби мудири хобгоҳ ва навбатдорон аз ҳисоби донишҷӯён интихоб шудаанд.
Тибқи нақшаи кории шуъбаи тарбияи донишгоҳ пайваста аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ва садорати факултетҳо чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ дар маҷлисгоҳи хобгоҳ гузаронида мешавад.