Имрӯз, 5-уми сентябри соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-026-и назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” ҳимояи рисолаи номзадии Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин дар мавзӯи “Хусусиятҳои педагогии тарбияи ватандӯстии хонандагони синфҳои болоӣ тавассути таъриху кишваршиносӣ” зери роҳбарии н.и.п., дотсент Ашурова Шаҳло Кулобиевна баргузор гардид.

Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устод Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддинро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таълимиву тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотияш комёбиҳо орзуманданд.