Шоми имрӯз, 8-уми сентябр дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона, сарвазири мамлакат, муҳтарам Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Абдулмаҷид Муминзод, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат инчунин меҳмонони ба мо дӯсту бародар аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳри иштирок намуданд. Сипас, раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлаталӣ Саид аз эълони Истиқлоли давлатӣ то ба сари қудрат омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайгиронаи бунёдкориҳо сухан намуда, сокинони вилоятро ба ифтихори 33- солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.
Зимни сухани табрикӣ сарвазири кишвар, муҳтарам Қоҳир Расулзода аз марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, бахсус комёбӣ ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон ҳарф зада, ҳамагонро ба ифтихори ин ҷашни миллӣ самимона шодбош гуфт.
Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи театркунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят, ки таҷассумгари Истиқлолу дӯстӣ ва пешрафту шукуфоии кишвар буд, пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.