Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарон(20 декабри соли 2010) ҷиҳати рушди минбаъдаи варзиш дар Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон аз соҳибкорон ва сарватмандони ватанӣ даъват ба амал овард, ки саҳми хешро дар бунёди иншооти варзишӣ ва рушди минбаъдаи ин соҳа гузоранд.
Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар масъалаи то соли2015 бунёд намудани маҷмааҳои варзишиву солимгардониро дар ҳар як шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳоти кишварамон мавриди омӯзиш қарор дода, нақшаи сохтмони иншооти варзиширо дар кишвар таҳия кардааст. Ба андешаи Президенти кишвар варзиш дар ҳаёти инсон, махсусан барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ ва тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад. Вобаста ба дурнамо ва инкишофи соҳаи варзиш дар Паёми навбати хеш чунин иброзӣ ақида намуд: «Зарур мешуморам, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва федератсияҳои варзишӣ ҷиҳати иҷрои саривақтаи нақшаи чорабиниҳои мулоқоти мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Итминони комил дорам, ки бо қабул ва иҷро гардидани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 ба рушди соҳа такони ҷиддӣ дода мешавад. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавии халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин, миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.
Барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ фосилаи замону вақт, сарҳадҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад, ташаккули солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллии худро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту суботи ҷомеаи кишварро мустаҳкам намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаикорҳои доими ва заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳангии мо мебошад». Аз ин рӯ варзиш пулест ки тавасути хеш мардуми оламиёнро бо ҳам мепайвандад ва ҳамчунин кафолати ҷаҳони солимист. Ҳамчунин варзиш метавонад кишвареро бо варзишгарони лаёқатмандаш муаррифӣ намояд. Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки «тандурустии ҷавононро тандурустии миллат» номида ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманду солиму қавирӯҳ ба камол расонидани онҳоро вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа» ҳисобида буд. Бо натиҷагирӣ аз ин мулоқот барномаи рушди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Дар нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар чунин масъалагузорӣ гардида буд:
-таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015;
-таъсиси Шуроӣ рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таҳияи лоиҳаи намунавии сохтмони толор ва майдончаҳои варзишии ҳозиразамон;
-таҳия ва пешниҳоди санади дахлдор барои муайян намудани намудҳои афзалиятноки варзиши миллӣ ва таъмини рушди онҳо дар доираи барномаҳои махсус;
-таҳия ва пешниҳоди Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои2011-2015;
-таҳия ва пешниҳоди Барномаи рушди бозии футбол.
Тибқи супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи чор соли минбаъда, яъне то соли 2024 дар ҳар шаҳру ноҳия як варзишгоҳ, як толори варзишӣ (бо лавозимоти зарурии ҳозиразамон) ва як боғи фарҳангию фароғатӣ бо дар назардошти майдончаи варзишӣ ба талаботи замон ҷавобгу сохта ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, санади дахлдор оид ба озод намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили бозиҳои олимпӣ, бозиҳои Осиё, Шоҳҷоиза ва Шоҳҷомҳои ҷаҳон аз пардохти маблағи таҳсили шартномавӣ таҳия карда шуд. Клубҳо ва маҳфилҳои варзишӣ дар назди хобгоҳҳо ва биноҳои таълимӣ бо мақсади рушди тарзи ҳаёти солим вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ташкил карда шуд. Ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, низ аҳамияти ҷидди дода шуд. Ҳадафи ин сиёсати Президенти кишвар дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ин пеш аз ҳама ташаккули тани солим ва ҳаматарафа инкишофёфта, ҳифзи нерӯи корӣ, таъмини шароити мусоиди ҷисмонӣ барои амали кардани фаъолияти касбӣ ва тарбияи тарзи ҳаёти солими донишҷӯён ва мутахассисон мебошад. Зеро воқеан ҳам варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон бори дигар аз он шаҳодат дод, ки инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Президенти кишвар:
«Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳуриамон нақши муассири тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар ҷомеа ба хуби дарк менамоянд ва барои ривоҷу равнақи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар чораҳои мушаххас амалӣ менамоянд. Боиси қаноатманди аст, ки варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ имрӯз дар байни ҷавонону наврасон, духтарону бонувон пайравони зиёде дорад. Ин ҳам моро дилпур месозад, ки ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас ҷисман ва рӯҳан солим қарор мегирад».
Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати варзишро дар ҳаёти ҷомеа хоса таъкид намудаанд: «Масъалаи дигаре, ки ба андешаи ман дар зиндагии ҷавонон хусусан дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим бозида, боиси пешгирии нашъамандӣ ва дигар амалҳои ношоиста шуда метавонад, инкишофи варзиш аст. Мегӯянд, ки рӯҳи солим дар ҷисми солим буда метавонад. Агар мо бо корбасти ҳамин ҳикмат варзишро дар байни ҷавонон ривоҷ диҳем, фикр мекунам, ки ба манфиати ҷомеа ва тандурустии аъзои он кори бузургеро анҷом дода метавонем».
Сиёсатии фарҳангии Президенти кишвар фарогири сиёсати варзишӣ аст, зеро варзиш худ як рукни фарҳанг мебошад. Имрӯз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд.
Хуҷазода Умед Шароф – номзади илмҳои
педагогӣ, декани факултети
педагогика ва варзиш