ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ
https://omuzgor-gazeta.tj/?p=7177
Убайдулло АСРОРЗОДА – ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон:
– Истиқлол на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки падидаи муқаддас барои ҳар як шаҳванди кишвар мебошад. Зеро истиқлол имкони зиндагии озодро фароҳам овард, ба пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомеа мусоидат кард ва ба рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ такони ҷиддӣ бахшид.
Мусаллам аст, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар тамоми самтҳо, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Иқтисодиёт рушд кард, сохтори давлатдорӣ такмил ёфт, сатҳи зиндагии аҳолӣ боло рафт ва мавқеи байналмилалии мамлакат тақвият бахшида шуд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои оби тоза, ҳифзи пиряхҳо, муҳити зист ва энергияи сабз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуданд.
Дар баробари ин, истиқлол ба рушди соҳаҳои илму маориф мусоидат кард. Садҳо мактабу донишгоҳ ва пажуҳишгоҳи илмӣ бунёд гардида, шароити таълиму таҳқиқоти илмӣ ба марҳалаи нав ворид гардид. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ҳамчун ҳамсол ва ҳамқадами истиқлол дар пешрафти соҳаҳои илму маориф саҳми арзанда мегузорад. Донишгоҳ ба маркази илмию таълимӣ ва тадқиқотии сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, бо татбиқи барномаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони варзида дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муҳим дорад.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз нахустин муассисаҳои дорои мақоми байналмилалии кишвар мебошад, ки мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳониро омода менамояд. Дар донишгоҳ ба татбиқи барномаҳои таълимии инноватсионӣ, мубодилаи академӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар миёни донишҷӯён аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар зимн, моро зарур аст, ки бо тайёр намудани мутахассисони варзидаву ватандӯст дар таҳкими истиқлол ва рушди минбаъдаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми муносиб гузорем. Ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлол на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки масъулияти бузургест, ки фидокорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиро талаб мекунад.

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА – ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав:
– Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастовард ва падидаи сиёсии ҳаёти таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, марҳалаи нави эҳёи давлатдории тоҷикон мебошанд. Истиқлол ба таҳкими низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони кишвар замина гузошт ва Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шуд.
Истиқлоли давлатӣ барои пешрафти соҳаи маориф ва илм низ шароити муносиб фароҳам овард. Соҳаи маориф аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардида, омили муҳимтарини таҳкими давлат эътироф шудааст. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷумлаи бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти он ба таври куллӣ тағйир ёфт. Айни ҳол мақсади асосӣ таъмини босифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ ва техникию технологӣ аз зинаи бакалавр то магистратураву доктор PhD ва ҷавобгӯйи сатҳи байналмилалӣ мебошад. Донишгоҳ дар фаъолияти қариб нимасраи худ ҳазорон мутахассиси соҳаҳои гуногунро омода намуда, барои пешбурди хоҷагии халқи кишвар нақши шоиста гузоштааст.
Дар раванди таълим истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ роҳандозӣ гардида, дар баробари забонҳои русиву англисӣ, инчунин, таълими забонҳои дигар – олмонӣ, чинӣ, кореягӣ ва чанде дигар низ ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ бо беш аз 60 муассисаи таҳсилоти олию касбии дохил ва хориҷи кишвар ҳамкорӣ дошта, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ рӯ ба афзоиш дорад
Имрӯзҳо баланд гардидани музди меҳнати ҳайати устодону кормандон, стипендияҳои донишҷӯёну магистрантон, ҳавасмандии моддии муҳаққиқон ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо ба ҳукми анъана даромада, ин иқдом ба ҷалб кардан ба пажуҳишу ихтироот, эҷоду навоварӣ мусоидат намуд.
Дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар донишгоҳ биноҳои нави таълимӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳу кабинетҳои фаннӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, маҷмааи варзишӣ, кохи фарҳангӣ ва дигар иншооти маъмурӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони бинои баландошёнаи хобгоҳ барои устодону донишҷӯён бомаром идома дорад.

Комилбек Амид Ёрбек – ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев:
– Дар як шароити кӯтоҳи таърихӣ мардуми шарифи Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати истиқлолро, пеш аз ҳама, дар суботи сиёсӣ, тамомияти арзӣ, дастовардҳои бузурги миллӣ ва обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ эҳсос намуданд. Маҳз падидаи истиқлол ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳоро таъмин менамояд ва тамомияти арзии давлатро нишон медиҳад.
Истиқлол неъмати гаронбаҳои зиндагӣ, муқаддастарин арзиши миллӣ, бузургтарин неъмат, нишони ҳувият, ифтихор аз ватандорӣ, рамзи саодату ягонагӣ мебошад. Истиқлол ҳамчун асоси рушду тараққиёти тамоми соҳаҳо ва сипари мустаҳками ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва шинохти давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Боиси ифтихору фараҳмандии миллати тоҷик аст, ки имрӯзҳо зиёда аз 180 давлати дунё Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мешиносанд ва муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешрафти бесобиқа намуда, айни замон дар масири рушди тарақиёти нав қарор дошта, рӯз аз рӯз симои илмию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии хешро бомаром дигаргун намуда, ба таъкиди Пешвои миллат «Ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» мубаддал гардид.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев низ маҳсули даврони соҳибистиқлолӣ буда, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар шароити вазнини сиёсӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Таъсиси ин боргоҳи илмӣ-маърифатӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию илмӣ ва фарҳангии Бадахшони куҳӣ рӯйдоди фараҳбахш маҳсуб меёбад ва дар китоби таърихи илму маорифи Тоҷикистон саҳифаи навро боз намуд.
Дар тӯли 32 соли фаъолият ин муассисаи бонуфузи таълимии кишварро зиёда аз 20 ҳазор нафар хатм карданд, ки имрӯз дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат содиқона фаъолият доранд. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 ду бинои замонавии чорошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд ва сохтмони бинои асосии таълимии донишгоҳ бомаром идома дорад. Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким меёбад.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ донишгоҳ бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, институтҳои илмии АМИТ ва АИКТ, инчунин, бо 34 муассисаи таълимию илмии хориҷи кишвар ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамин тавр, ба хотири таҳсили босамари донишҷӯён ва босифат тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар донишгоҳ шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.

Шукрулло ХАЙРЗОДА — ректори Донишгоҳи давлатии Данғара:
– Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъат пайдо кунад, тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гарданд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз нигоҳи баланд бардоштани мақому манзалати дастовардҳои илмӣ, нуфузи таҳсилоти олӣ ва самарабахшии он дар раванди рушди неруи инсонӣ ва пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоии босуботи кишвар маҷмуи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ба инкишофи соҳаҳои маорифу илм мусоидат намуданд.
Ба ин мазмун, Донишгоҳи давлатии Данғара нуфузу эътибори хешро дар ҷомеа ҳамчун ҷавонтарин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд мебардорад. Фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявию фарҳангии муассиса, пеш аз ҳама, дар раванди пешрафти инноватсионии мамлакат ва талабот ба кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар донишгоҳ 255 нафар устод ба фаъолияти таълимӣ ҷалб гардидаанд.
Дар таърихи фаъолияти донишгоҳ бори аввал 3 нафар донишҷӯ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», 1 нафар донишҷӯ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» ва 1 нафар донишҷӯ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Донишгоҳ бо 52 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва айни ҳол 430 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар таҳсил доранд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар (30.05.2024) оид ба муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълимӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо таъкид намуданд, раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати гузаштан аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида, муваффақона соҳиби Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гардид.
Маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар маънидод мегарданд.

Мумин ҶӮРАЗОДА – директори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ — технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе:
– Ба даст овардани истиқлол дастоварди бузург аст ва онро бо тамоми арзишаш пос доштан рисолати ҳар фарди ин сарзамин аст. Бо шарофати истиқлол ва сулҳу субот Тоҷикистон ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардид. Дар баробари дигар соҳаҳо, илму маориф низ пешрафт карданд ва имкону шароити мусоид ҷиҳати азхуд намудани илму дониш ва технологияи муосир фароҳам оварда шуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия ва дигар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба фаъолият пардохтанд, то ҷавонон дар Ватани худ дар беҳтарин шароит таҳсил намуда, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон гарданд. Дар ин радиф, филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ- технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманди Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфт ва ҳоло барои хоҷагии халқи Тоҷикистон мутахассисонро дар самтҳои металлургия, информатика, иқтисодиёт дар истеҳсолот тайёр менамояд. Филиал дорои бинои таълимии мувофиқ ба талаботи замони мосир буда, бо озмоишгоҳҳо ва технологияи муосир муҷаҳҳаз шудааст.
Дар филиал устодону омӯзгорони таҷрибаманду соҳибунвони ватаниву хориҷӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Инчунин, тариқи онлайн бо иштироки олимони донишгоҳи сарпараст низ дарсҳо гузаронида мешавад. Дар филиал дар баробари татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, нақшаҳои давлатӣ, инчунин, мунтазам чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, варзишӣ, тарбиявӣ, ватандӯстӣ баргузор мегардад.
Дар муассиса маҳфилҳо аз фанҳои дақиқу риёзӣ амал мекунанд, ки донишҷӯён бо иштирок дар онҳо шавқу рағбати хешро ба омӯзиш сайқал дода, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Дар зимн, барои омӯхтани забони русӣ дар филиал Маркази забон ва фарҳангӣ русӣ фаъолият дорад, ки дар он муҳассилин сатҳи забондонии хешро такмил мебахшанд.

Таҳияи Э. Сафарзода,
«Омӯзгор»
«Омӯзгор»