Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки, баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти точику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суханварест, ки ханӯз дар замони зиндагиаш хамчун саромад ва устоди бузурги шоирон эътироф шудааст. Ӯро муосиронаш хангоми дар кайди хаёт будан чун пешвои ахли адаб шинохтаанд. Унвонҳои кофиласолориназм, сохибкирони шоири, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд. Дар давоми беш аз хазор сол бузургони илму адаб ба устоди устодон, тавонотарин шоир ва некусухани матингуфтор будани Рӯдакӣ коил будаанд. Чунин рутбахои баландро гирифтани Рӯдакӣ факат гуфтори шоирона ва таърифи махз нест.
Устод Рӯдакӣба ин макоми баланд дар натичаи фаъолиятхои фидокорона дар устувор гардонидан ва такомулу таракки додани назми форсизабонон сазовор гардидааст. Хусусан уро кофиласолори назм ва асосгузор номидани гузаштагон чолиби диккат аст. Ин хамон эътирофи умумиест, ки имруз Рӯдакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти точику форс меномем.
Рӯдакӣ аввалин устоди сухан аст, ки таҷрибаҳо ва муваффакиятҳои пешгузаштагони худро ҷамъбаст ва нуқсону сустиҳои онро рафъ намуд.
Устод Рӯдакӣ ягонагии дониши инсоният, иштироки халқҳои гуногуни дунё дар кори ба вуҷуд овардани хазинаи маданият, ҳамеша дар такомул будани илм ва нури маърифат будани онро таъкид менамояд.
Пандҳои Рӯдакӣ бисёр гиро пуртаъсиранд. Чунки онҳо баробари ҳикматомез будан бо суханҳои обдор, саънати баланд, афкори фалсафӣ ва ташбеҳҳои равшан эчод гардидаанд
Хирад ва донишро яке аз сарчашмаҳои асосии инкишофи ақли инсон мешуморад. Дар сурудҳои чорабиниҳои ин марди бузург масъалаҳои тарбияи насли наврас, ахлоқу одоб, омӯхтани илму ҳунар, донишомӯзӣва ғайра мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҷаҳонбинии шоир характери динӣ дошта, вале аз идеяҳои диалектикӣ ва пешқадам низ бархӯрдор аст. Ӯ дунё ва ҳаётро падидаи тағирёбанда ва аз як зина ба зинаи дигар гузаранда тасвир намудааст. Зиндагӣ дар назари шоир якнавохт нест. Ӯ дар кӯҳаншуданҳо, навшавии ҷой, вайрониҳоро гирифтани ободониҳо ва баръакс бо харобиҳо мубаддал гардидани ободиҳо ва тазоди табиат ҳаракати доимии ҳаёт ва мавҷудотро мебинад.
Шоири инсондӯст, чун муаллими ахлоқ тарафдори он аст, ки фарзандон бо одоби писандида, ахлоки нек, хунар ва дараҷаи илму дониш номбардори падару модар, аҷдод, миллат ва халқу ватани худ бошанд. Фарзандон набояд ба аслу насиби худ мағрур шаванд, зеро аз донишу хирад ва обруи падарон ба фарзандони но қобилу нолоиқ нафъе нест:
Эй дареғо, ки хирадмандро бошад,
Фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Дар панду ҳикматҳои Рудакӣ масъалахои ташвиқи далерию мардӣ, меҳр варзидан ба инсоҳо, мухаббат ба кишоварзу ҳунарманд, кушишишу кор, неки, саховат, дӯстию рафокат, шафкату мурувват нисбат ба дармондагон ва амсоли инҳо ҷои муҳимро мегирад.
Аммо шоир қаноат, сабр, бурдборӣ, тавозуъ, фурутанӣ ва хоксориро бо роҳи маҳдуд гардонидани нафс ва худдориро аз бадию зишти тарғиб менамояд.
Гар бар сари нафси худ амири, мардӣ,
Бар куру кар-ар нукта нагири, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодаро бигирӣ, мардӣ!
Ба ақидаи Рӯдакӣ, барои инкишофи шахсияти инсон бар замми андухтани дониш ва ба кор бурдани таҷрибаи рӯзгор тани сиҳат, феълу атвори нагз, номи нек ва хирад низ зарур аст. Пандҳои Рӯдакӣ бисёр гиро пуртаъсиранд. Чунки онҳо баробари ҳикматомез будан бо суханҳои обдор, саънати баланд, афкори фалсафӣ ва ташбеҳҳои равшан эчод гардидаанд.
Омӯзгори кафедраи
педагогика ва психологияи
таҳсилоти ибтидоӣ
Нозимов Бахтиёр Маҳмадраҳимович