Имрӯз 16-уми сентябр дар ҷаласаи навбатии кории назди ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат масъалаҳои таълиму тарбия ва илму таҳқиқот баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ муовинони ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд, оид ба тарбия, дотсент Наргис Нурализода, илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин аз раванди корҳо дар давоми ҳафта маълумот доданд.
Дар идомаи ҷаласа масалаҳои омаду рафти донишҷӯён ба дарс, гирифтани идрорпулиҳо, интихоб ва роҳнамоиҳои донишҷӯёни болаёқат ба озмунҳо низ баррасӣ шуданд.
Дар идомаи баррасии масъалаҳо омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ба нақша ширифташуда, аз ҷумла конференсияҳои илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки санаи 1 ва 2-юми ноябри соли 2024 бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади олии ҳуқуқии кишвар» ва 23-юми октябр конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1020 солагии Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба аъзои ректорат ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳо дастуру супоришҳо доданд.