Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул намуда, дар лоиҳаи ин Қатънома ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани «Соли 2003 – соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 – соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” махсус таъкид кардааст. Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳорати қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад. Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об инъикосгари манфиатдор будани натанҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик мебошанд.
Татбиқи барномаҳо бо таъкиди он ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоатӣ ва гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд, барои рушди захираҳои инсон ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан зарур буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шуда, аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Маънии “рушди устувор” ин рушди бонизом буда, 3 омили асосии зеринро дар худ таҷассум менамояд:
1.рушди босуръати иқтисодиёт;
2. баробарии иҷтимоӣ;
3. суботи экологӣ.
Зарурати қабули Қатъномаи мазкур ба он нигарониҳои умумибашарии зерин асоснок мегардад, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд: афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйироти иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нушокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ.
Манфиатҳои умумибашарӣ аз 3 ҷанбаи асосӣ вобастагӣ доранд:
1.Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардид, мушкилоти инсонҳоро афзун намуда, дар ин замина офатҳои фоҷианокро ба бор овард. Дар давоми 60-соли охир ба андозаи аз 0,5 то 1,0 дараҷа селсий баланд гардидани ҳарорати ҳаво боиси таъсири манфӣ ба захираҳои обӣ гардида, ҳамасола ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 триллион доллари амрикоӣ зарар расонад.
Офатҳои табиии марбут ба об хисороти молию ҷонии фоҷиаборро ба иқтисодиёти давлатҳо оварда, заминҳои ҳосилхез, маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, купрукҳо, корезҳои обёрӣ, иншоотҳои гидротехникӣ ва одамону молу сарвати онҳоро ба коми офат мекашад. Солҳои 1987- 1997 дар натиҷаи офатҳои табиии ба шакли обхезӣ ва сели бавуқуъомада зиёда аз 28800 нафар одам ҷон бохта, иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон зиёда аз 136 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид. Танҳо дар натиҷаи обхезии соли 2002 мамлакатҳои Аврупо 20 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, 100 нафар ҷон бохтаанд.
Дар даҳсолаҳои солҳои охир то 30% пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд ва ин тамоюл, мутаассифона, то ҳол давом дорад. Масоҳати бузургтарин пиряхи кӯҳӣ – Федченко дар Тоҷикистон ба андозаи то 2 км коҳиш ёфтааст. Соли 2016 соли гармтарин дар садсолаи охир буда, дар ин давра то 30% камшавии оби дарёҳои Аму ва Сир ба мушоҳида расидааст.