Имрӯз, 24 сентябр тибқи нақшаи раёсати илм ва иннонавтсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои иштирок намудан дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки се нафар донишҷӯёни курсҳои сеюм ва панҷум, аз ҷумла Асадуллоева Умеда, Файзуллозода Шукрона, Ғоибов Исроилро барои иштирок намудан сафарбар намуданд.
Зимни сафарбарӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Нориён Фирдавс Исматулло тақъид доштанд, ки чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ метавонад савияи ҷаҳонбинии донишҷӯёнро баланд бардошта,дар оянда барои ба даст овардани мавқеи илмӣ мусоидат менамояд.
Нориён Ф. И. илова намуд, ки айни замон 14 нафар иштирокчиёни озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз ҳисоби устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сафарбар гардида буданд, сазовори ҷойҳои намоён шуданд.
Гуфта мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз ин рӯз шуруъ шуда то 28 – уми сентияб идома меёбад. Раёсати донишгоҳ ба иштирокчиёни озмуни мазкур бурдбориҳо таманно доранд.