Имрӯзи 24 – уми сентябр тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи Низомномаву Оинномаи дохилии муассиса пайваста бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар соли таҳсили равон миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои филология, забонҳои хориҷӣ, химия ва биология ва забони русӣ суҳбату вохӯрӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Нурализода Наргис, раиси бонувони донишгоҳ Каримова Санавбар ва профессор Тағоева Табассум оид ба риояи бандҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” гузаронида шуд.
Мувони ректор оид ба тарбия, Нурализода Наргис зимни вохури таъкид намуд, ки тарбия самти муҳими фаъолияти омӯзори басо муҳим буда, барои тарбияи насли наврас заҳматҳои шабонарӯзӣ мебояд. Мо бояд, мунтазам бобати тарбияи насли ҷавон кушишу талош намоем.
Гуфта мешавад, ки чунин вохӯриҳо миёни донишҷӯён дар Донишгноҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақша-чорабиниҳо мунтазам аз ҷониби бахшҳои раёсат гузаронида мешавад.