Аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи генофонди миллӣ ва солимгардонии аҳолӣ ба рушди инфрасохтори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳ намуда, дар ин замина санадҳои зиёди меъёриву ҳуқуқӣ ва Барномаву Консепсияҳои давлатӣ қабул гардида, баҳри татбиқи бандҳои он тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.
Ваҳдату суботи сартосарӣ имкон фароҳам овардааст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ба ифтихори онҳо суруди миллӣ садо дода, парчами кишварамон парафшон мешавад, ки ин барои ҳар фарди худшиносу худогоҳ мояи ифтихору сарафрозӣ мебошад. Яке аз бозиҳои шавқовару сертамошобин дар сайёра футбол мебошад, ки пайваста баҳри рушди ин навъи варзиш дар кишвар корҳои мушаххасе анҷом меёбанд.
Қайд намудан зарур аст, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси милии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таҷлили “Рӯзи байналмилалии Футбол” ба Созмони милали муттаҳид пешниҳод гардида буд. Хушбахтона, ин пешниҳод аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ қабул гардида, 25-май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии футбол” эълон ва ҳар сол дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Ин пешниҳодро тамоми кишварҳо пазируфта, дар доираи он чорабиниҳои гуногунро амалӣ намуда истодаанд. Дарвоқеъ, футбол натанҳо бозии муқарририи варзиш, балки василаи таҳкими дӯстиву рафоқат ва арҷгузорӣ ба ҳар миллату кишвар мебошад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рушду оммавияти натанҳо ин навъи варзиш, балки дигар намудҳо тарбияи ҷисмонӣ низ саҳми шоиста доранд. Маҳз бо роҳнамоиву дастгириҳои эшон дар кишвар дастаҳои якачини футбол дар сину солҳои гуногун таъсис ёфтаву фаъолияти назаррас доранд, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён шарафёб мегарданд. Ҳамасола бо ибтикори Федератсияи мазкур мусобиқаҳои футбол миёни дастаҳои Лигаҳои ҷумҳурӣ дар сину соли гуногун низ баргузор мегарданд, ки ин гуна чорабиниҳо ба такмили маҳорати касбии футболбозон ва кашфи истеъдодҳои нави варзиш мусоидат мекунад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдоштӣ саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Чун дигар давлатҳои ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаводорони бозии футбол хеле зиёд мебошанд. Зимни сафар намудани футболбозони тоҷик ба ягон манотиқи кишвар далолати он аст, ки тамошобинон ва ҳаводорони ин намуди бозӣ дар кучаҳо баромада рафти бозии футболро тамошо менамоянд.
Мо борҳо мушоҳида намудаем, ки зимни сафарҳои кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишварамон майдонҳои хурду бузурги варзишӣ, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва соҳибкорони ватанӣ бунёд шудаанд, мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар ин толору майдонҳо наврасону ҷавонони зиёде ба машқу тамрин ҷалб шуда, нозукиҳои гуногуни навъҳои варзишро меомӯзанд.
Зикр намудан зарур аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шароити мусоид барои фаъолияту тамрин ва таҳсили донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ як маҷмуаи варзишӣ, майдонҳои футбол, футболи хӯрд, волейбол, баскетбол ва барои тамрини дигар намуди варзиш шароти арзанда муҳайё карда шудааст, ки аз он ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён самаранок истифода мебаранд. Дар донишгоҳ дастаи футболу волейболбозон аз ҳисоби устодону донишҷӯён таъсис дода шудааст, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи донишгоҳиву шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Ҳамчунин дар дастаҳои лигаи Олӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ низ ҳамчун футболбоз фаъолият доранд.
Ҳамаи комёбиҳои футболбозони тоҷик аз ғамхориҳои рӯзафзуни Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дарак медиҳад. Бовар дорем, ки таҳти сарпарастии мавсуф соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бахусус футбол рушд намуда, варзишгарони касбӣ шарафи кишварамонро баланд мебардоранд.
Шарипов Ҳалим, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии ДДБ ба номи Носири Хусрав