Имрӯз, 25 – уми сентябр тибқи нақшаи маҳфил “Friendship”- Дӯстии назди кафедраи курси амалии забони англисии факултети забонҳои хоричии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет Шарифзода Баҳром мудири кафедраи курси амалии забони англисӣ, дотсент Алиева Гулнора ва номзадони илм Қаршиева Гулҷаҳон, Нурова М, Олматова Шаҳло ва дигарон иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет Шарифзода Баҳром ҳозиринро барои омода намудани чунин маҳфили илмӣ – амалии мутобиқ ба технологияи навин, ки дар сатҳи хуб баргузор гардид, ташаккур намуд.
Дар идоми роҳбари маҳфил, омӯзгор Сабуров Абдухолиқ аъзоёнро ба мавзуи навбатӣ, ки бо номи «Learning of Foreign languages using new technology», омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо истифода аз технологияи навин шинос намуда, ба кори маҳфл оғоз кард.
Ҳамзамон аъзоёни маҳфил мавзуи интхоб намудаи роҳабари маҳфилро хуб азхуд намуда, маҳфилро ҷолибу дидани гардониданд. Дар идомаи маҳфил, як ҷузъи муҳими бозиҳои зеҳнӣ, ин шунидани садои каламоти инглисӣ буд, ки миёни донишҷӯён чун муаммо ва дарёфт карда санҷидани талафузи садо роҳандози шуд. Ин қисмати маҳфил шавқовартарин миёни донишҷӯён ба назар мерасид.
Дотсент, Олматова Шаҳло дар идомаи маҳфил ёдрас намуданд, ки чунин бозиҳои зеҳнӣ, метавонад азхудкунии забонҳои хоричиро миёни донишҷӯён осон менамояд. Аз ин рӯ усуслҳои нави таълимро дар ҷараёни чунин маҳфилҳо бояд роҳандози намуд.
Дар охири маҳфил гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар барои омӯхтани забонҳои хоричӣ, зиёд аст, мо бояд муатхассисони ояндаро мутобиқ ба бозори ҷаҳони омода намоем.