Имрӯз, 25 – уми сентябр дар толори китобхонаи Донишгоҳ давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ҷаласаи наватии Шурои бонувони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, Набизода Эмомалӣ – мудири шуъбаи тарбия ва Каримова Санавбар, мудири бахши бонувони донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимнан муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, баромад намуда, ҳозиринро ба масъалаҳои муҳокимашавандаи рӯзномаи Шурои бонувон шинос намуд. Дар ҷаласа аз рӯи масъалаи аввали Шуро «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шунида шуд.
Сипас Нурализода Н. зимни баромад, аз рӯи масъалаи аввал ёдрас намуданд, ки дастурамали либосҳои тавсиявӣ, барои донишҷӯён ҳатми буда, назорати иҷроиши дастурамал аз ҷониби бонувони донишгоҳ ва факултетҳо талаб карда мешавад. Таъкид карда шуд, ки сари вақт ба дарс омадани донишҷӯдухтарон ва тарзи пушидани либоси онҳо танзим карда шавад.
Дар масъали дуюми шуро «Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабилӣ дӯзандагию бофандагӣ» дар факултетҳо гуфта шуд, ки вобаста ба касб омӯзии донишҷӯдухтарон дар идомаи таҳсил бояд онҳо аз ин гуна ҳунар бархурдор гарданд. Аз қабили дӯзандагӣ, пазандагӣ ва амсоли инҳо бояд омӯзонида шавад.
Гуфта шуд, ки устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва талаботи дохилии муассисавиро риоя намуда, аз бегонапарсативу тарғиб намудани фарҳангӣ, бегона худорӣ намоянд.
Дар масъалаҳои ҷории шуро иброз гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд.
Тибқи наша- чорабиниҳои тарбиявӣ чунин вохурию чорабиниҳо миёни факултетҳои донишгоҳ мунтазам баргузор карда мешавад.