Дар донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи корӣ Шурои олимон баргузор гардид. Нахуст, раиси Шурои олимон, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирокчиёнро бо масъалаҳои муҳокимашавандаи рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шуро гузориши раиси комиссия, дотсенти кафедраи методикаи таълими физика Гулаев Ибодулло оид ба “Ҷамъбасти натиҷаи таҷрибаҳои таълимию истеҳсолии донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 шунида шуд. Мавсуф гуфт, ки ҳамаи намудҳои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ тибқи нақшаҳои таълим ҷараён гирифта, ҳуҷҷатгузорӣ низ хуб мебошад.
Сипас, аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа “Ҳисоботи котиби масъули комиссияи қабул оид ба қабули донишҷўён ба донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 Ашурзода Наим пешниҳод гардид. Номбурда изҳор дошт, ки дар муқоиса ба соли таҳсили 2023-2024 имсол нақшаи қабул бештар иҷро шудааст.
Дар масъалаҳои ҷорӣ, раиси Шурои олимони донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оид ба таҳкими корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи лоиҳаҳои фармоишӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Шуроҳои диссертатсионии дар назди донишгоҳбуда, муҳокимаи масъалаҳои муҳим дар Шуроҳои олимони факултетҳо ва дигар масъалаҳои раванди корӣ сухан намуда, масъулинро дар ин самт ҷиҳати иҷрои босифати корҳо вазифадор намуд.