Имрӯз, 26- уми сентябр дар назди кафедараи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоии факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Махзани илм” доир гарид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, Хуҷазода Умед ва мудири кафедраи н.и.п, Гулов Қурбоналӣ, роҳбари маҳфили “Махзани илм” Азизов Сафарбек ва дигар устодон иштирок намуданд.
Нахуст, Азизов Сафарбек ҳозиринро ба рӯзномаи маҳфил шинос намуда, сипас аъзоён ва котиби маҳфилро интихоб намуданд. Баъд аз интихоби аъзоён ва мавзуҳо иштирокчиён маърӯзаҳои хешро дар назди ҳозирин қироат намуданд. Дар идома гуфта шуд, ки баромад намудани донишҷӯён дар чунин маҳфилҳо метавонанд, донишгҳои назариявии хешро сайқал дода, дар оянда барои иҷро намудани корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ мусоидат мекунад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон бевосита ба илмомӯзии сокинон таваҷҷуҳ менамоянд. Бо ин мақсад, дар ҳама факултетҳои донишгоҳ чунин маҳфилҳо гузорнида мешавад
Гуфта мешавад, ки “Махзани илм” мафҳилест, новобаста аз ихитсос хоҳишмандон метавонанд дар он аъзо шаванд. Аз ин ба баъд тибқи нақшаи кории кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоӣ маҳфили мазкур мутзам баргузор мегардад.