Имрӯз, 26-уми сентябр як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, профессор Сатторов Абдурасул ва дотсент Шарипов Сангимурод ҷиҳати рушду тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фарогир ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ташриф оварданд.
Сараввал, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои физика-математика Ҳаким Хушвахтов гурӯҳи кориро ба ҳузур пазируфта, дар идома баҳри татбиқи ҳадафҳои муштарак дар доираи муколамаҳои судманд ҷиҳати татбиқи созишномаҳои қаблан басташуда гуфтушунид ҷараён гирифт.
Зикр намудан зарур аст, ки чанде пеш миёни ин ду муассисаи олии ҷумҳуриҳо – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳо баста шуда буд, ки сафари ҳайати устодон ҳам дар заминаи он сурат гирифт.
Қайд намудан зарур аст, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаву бобарори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон, бахусус робитаҳо миёни кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар гардида, ба омода шудани мутахассисони варзида дар бахшу соҳаҳои гуногун мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, қабулу татбиқи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба метавонад ба пешрафти ҳар ду донишгоҳ – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов мусоидат намояд.
Сафари гурӯҳи корӣ ба донишгоҳи мазкур идома дорад.