Имрӯз, 27 -уми сентябр дар факултети Педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, маҳфили “Адаб”-и бахшида ба Рӯзи Ҷалолуддини Балхӣ, назди кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ баргузор гардид.
Дар кори маҳфил номзадону дотсентони факултет Каримова Х., Шарифзода Ш., Абдухалилова Н., Ваҳобов А., Сайдамиров С. ва дигарон иштирок намуданд.
Сипас Шарифзода Ш, бо маърӯзаи худ, зери унвони Мавлоно Балхӣ ҳакими маъонӣ баромад намуда, аз андарзӯ ҳикматҳои ӯ ба ҳозирин маълумотҳои муфассал доданд. Дар идомаи сухан ёдрас карданд, ки Мавлоно Балхӣ, шоиру ҳакимест, ки пур аз маъонии дунё ба ҳисоб меравад.
Баъдан, донишҷӯён низ бо маърӯзҳояшон дар назди ҳозирин аз фаъолияту эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, аз эҷодиёти шоир шеъру достонҳо ӯ назарҳои мухталиф шунида шуд.
Гуфта шуд, ки ҳама сола охири моҳи сентябр чун рӯзи Ҷалолуддини Балхӣ дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.