МУНОСИБАТИ МАСЪУЛИЯТНОК ДАР ТАРБИЯ ВА ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Қурбонов Файзалӣ Асадуллоевич, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав
Дар муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ, ки аҳамияти аввалиндараҷа дорад, тарзи зисту зиндагии инсон нақши асосӣ мебозад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобаста мебошад. Дар инкишофи бисёре аз бемориҳо худи инсон, маданияти пасти санитарии ӯ, тарзи носолими ҳаёт ва муносибати манфӣ нисбат ба саломатии худ гунаҳгор дониста мешавад [1, с.2].
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон, ки рӯзи 23 майи соли 1997 доир гардида буд, омадааст:
«Тандурустӣ, албатта кори хеле савоб аст, вале аз замонҳои қадим аз давраи Куруши Кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ камаш аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд номи ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони аввал – тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуввум_ақлу дониши расо ва ниҳоят имитҳони сеюм – одобу фаросати ҳамида» буд.
Ин се имтиҳон баъдан дар ҳикмати авестоӣ: «Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» таҷассум ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи ниёгон такя карда, таъкид кард, ки худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ тарбия дода, дар навбати худ ба ташаккули ақлу ахлоқ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Аз панду ахлоқи ҳамида фаровон истифода намоянд.
«Агар қувваҳои бадан бар ақл ғолиб оянд, мувозинати табиату ниҳоди инсон вайрон мешавад. Бинобар ин хайрияти олии рӯҳ дар мувозинати ақлу ҷисм аст. Агар ҷисм солим бошад, рӯҳ низ саломат аст» гуфтааст мутафаккирони бузурги халқи форсу тоҷик Абуалӣ ибни Сино [2, с.22].
Саломатии одамони алоҳида ё гурӯҳи аҳолӣ бо таъсири маҷмӯи омилҳои байни ҳамдигар якҷоя амалкунандаи фардӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ муайян карда мешавад. Солим будан – бояд талаботи ботинии ҳар як инсон бошад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳолати саломатӣ танҳо аз фаъолияти бахши тандурустӣ вобаста нест, вай бо таъсири байниҳамдигарии омилҳои маҷмӯӣ, фардӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, вазъи зиндагӣ ва интихоби фардӣ асоснок карда шудааст. Ҳар як инсон ба гирифтани иттилоот ҳуқуқ дорад ва бояд оид ба пешгирии бемориҳо ва мустаҳкам намудани саломатӣ донишҳои зарурӣ дошта бошад, ки принсипи асосии ташаккули ҳаёти солим мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (аз 21.12.2021) қайд кардааст, ки “Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад”.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “30” октябри соли 2010 №560 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” тасдиқ шудааст.
Тибқи дурнамо аз нав равона намудани фаъолияти илмӣ ба талаботи саломатии ҷомеа, ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин омӯзиши вазъи саломатии аҳолӣ зарур мебошад, ки он ба таъсири омилҳои муҳити зист, имконияти ба таври илмӣ асоснок намудани меъёрҳои беҳдоштӣ, коркард ва арзёбии технологияҳои ҷадид ва таҳияи тавсияҳо вобастагӣ дорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз муносибатҳои хеле камхарҷ ва нисбатан самараноки паст намудани камбизоатии аҳолӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ ташаккули тарзи ҳаёти солими одамон мебошад.
Ободии кишвар пеш аз ҳама аз ҷавонони солиму тандуруст ва ҷисман обутобёфта вобаста аст. Бо ин мақсад ҳанӯз дар асрҳои гузашта пеш аз хилофати мусалмонӣ ва баъд аз хилофат дар давлатдории Сосониён, Ғазнавиён, Саффориён маҳз дар давраи давлатдории Сомониён машқҳои варзишӣ аз қабили: камонварӣ, камонғулак, шамшербозӣ, шиноварӣ, гуштингирӣ, аспсаворӣ, гурззанӣ ва монанди инҳо таълим дода мешуд.
Ҳаминро бояд таъкид намоем, ки ба масъалаи тарбияи ҷисмонӣ ва алоқамандии он ба дигар намудҳои тарбия, инкишофи ҷисмонии кўдак ва беҳдошти саломатии он мутафаккирони бузурги халқи форсу тоҷик аз давраҳои хеле дури таърихӣ диққати ҷиддӣ додаанд.
Солимии ҷисмонию равонии шаҳрванд солимии оила, ҷомеа ва бойигарии асосии давлату миллат маҳсуб меёбад, ки ин андешаҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо додааст. Оре, тани сиҳат, тандурустӣ ганҷи беқиёс аст ва ин ганҷ боигарии ҳар як инсон дониста мешавад, ки онро ба чизе иваз кардан нашояд. Ҳар як инсон бояд ин боигариро ҳифз намояд, то ки қиматтарин гаронбаҳоро аз даст надиҳад.
Дар таърихи афкори педагогии халқи тоҷик Ибни Сино аввалин шуда дар боби алоқамандии тарбияи ҷисмонӣ ва ахлоқӣ масъала пеш гузоштааст. Мақсади тарбияи ҷисмониро ӯ аз инкишоф додан ва мустаҳкам намудани қувваи ҷисмонии бачагон иборат медонист. Ибни Сино барои обутоби ҷисми бачаҳо ташкили чунин бозиҳои варзиширо пешниҳод намуда буд: ҷаҳидан, давидан, туббозӣ, гуштингирӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ ва монанди инҳо. Ба ақидаи ӯ тарбияи ҷисмонӣ беҳтарин дармонест барои инсон. Тибқи ақидаи Ибни Сино чунин бармеояд, ки ба тарбияи ҷисмонӣ фақат баъди ҳазми хӯрок машғул шудан лозим аст.
Вобаста ба ин масъала мутафаккири бузурги форс-тоҷик Абуалӣ ибни Сино на фақат машқҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муайян кард ва намудҳои онҳоро номбар кард, инчунин чӣ гуна иҷро кардани ин ё он машқро фаҳмонда дода буд. Вай машқҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба гурӯҳои хурд ва калон тақсим карда буд.
Ба гурӯҳҳои якум арғунчакбозӣ ва заврақронӣ, ба гурӯҳи дуюм машқҳои босуръати монанди муштзанӣ, чобукравӣ, шамшерзанӣ ва ба гурӯҳи сеюм гуштингирӣ, бардоштани вазн, чавгонбозии савора нисбат дода буд. Тамоми машқҳое, ки ба олим маълум буданд, ба тартиб дароварда буд. Кадом машқро чанд маротиба иҷро кардан ва навбати иҷрои онҳоро нишон дода, вай навишта буд: «Пеш аз ба иҷрои машқи ба варзиш машғул шудан, бадани одам бояд тоза бошад». Ва афзудааст: Дар иҷрои машқҳои варзишӣ бадани гарми арақкарда аз бадани хунуки қоқ хубтар мебошад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки олим ба гарм будани бадан пеш аз машқҳои варзишӣ аҳамияти калон додааст.
Ин нукта низ аз тарафи мутафаккири бузурги форс-тоҷик, маликушшуаро,одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рудакӣ хело ҳам хуб таъкид ёфтааст. Шоир инкишофи ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва фикриро сифатҳои асосии ҷавонмардӣ ҳисоб карда, на фақат ба ташаккули маънавии шахс, балки ба ташаккули ҷисмонию рӯҳии ӯ низ диққати зиёд дода, аз як сӯ барои ташаккули шахсият, илму дониш,тарбияи ақлӣ, умуман, маънавиро зарур бишуморад аз тарафи дигар тарбияи ҷисмониро ҳамчун омили муҳими ташаккули шахсият таъкид менамояд ва нақши афроди ҷисман солиму рӯҳан қавию обутобёфтаро дар ҷомеа нишон медиҳад. Ӯ ҳамчун фарди ҳасос ва адиби воқеъбин дар ташаккули шахсият нақши тарбия, муҳит, ахлоқ ва варзишро хеле муассир медонад. Яъне ӯ тарбияи ҳамаҷонибаи инсонро ба миён мегузорад, зеро сарфи назар кардан яке аз ин аркон, ки ба сифати занҷир ба ҳам пайванд мебошад, метавонад сабаби монеъи камолоти башар гардад. Барои ба камолот ва зиндагии шоистаи инсонӣ ҳар фардро ногузир аст, ки хештанро аз лиҳози ахлоқӣ парвариш бинмояд ва худро ба дасти худ бисозад ва хушбахтиро дар ҳаёти худ таъмин намояд.
Устод Рӯдакӣ таъкид кардааст, ки «Одам агар ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавад ва ба тамоми дигар талаботи тартиби муътадил риоя намояд, барои истеъмоли доруҳое, ки ҳангоми касалиҳои гуногун тавсия дода мешавад ягон эҳтёҷе намемонад».
Мусаллам аст, ки Зардушт дар аҳкоми худ «Тани солим–ақли солим»-ро ба наслҳои оянда мерос мегузорад. Ҳамин аст, ки Анӯшервони одил ин меросро тоҷи сар мекунад ва дар айни замон худ мефармояд: «Тандурустиро беҳтарин неъматҳо донед»
Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома»-и худ (с. 1082-83) дар масъалаи тарбияи инсон варзишро яке аз воситаҳои асосӣ ҳисоб кардааст. Ба ақидаи вай ҳар гунна бозиҳои халқӣ: шоҳмотбозӣ, ҷавгонбозӣ шиноварӣ, инчунин тартиби рӯз дар айёми ҷавонӣ ва пирӣ истифодаи вақт ва ғайра дар тарбияи одамон, солимии инсон на танҳо муфид, балки хеле зарур мебошад.
Фаридаддини Аттор, ки аз устодони номдори ахлоқ ба шумор меравад, таъкид мекунад, ки аз дунё фақат саломатӣ биҷўёд[6.108]:
Тарзи ҳаёти инсон се категорияро дар бар мегирад: якум сатҳи зиндагӣ, дуюм сифати зиндагӣ ва сеюм тарзи зиндагӣ.
Ба категорияи сатҳи зиндагӣ пеш аз ҳама категорияи иқтисодӣ дохил мешавад, ки дараҷаи қонеъ кардани талаботҳои моддӣ, маънавӣ ва мадании инсонро дар назар дорад.
Зери мафҳуми сифати зиндагӣ бошад дараҷаи бароҳатӣ дар қонеъгардонии талаботи инсонӣ (бештар категорияи иҷтимоӣ) фаҳмида мешавад.
Тарзи зиндагии инсон бошад стандарти муайяне мебошад,ки аз рўи он психологияи шахсият ба роҳ монда мешавад (категорияи иљтимоию психологӣ).
Геранмолог ва ювенологҳо таъкид мекунанд, ки бадани инсон аз сўи табиат ба муддати 150-160 сол зиндагӣ таҳрезӣ шудааст [4, с. 23-27]. Шарти беҳтарини тамдиди ҳаёт ин кӯтоҳ накардани он мебошад.
Дар бораи тарзи ҳаёт сухан ронда, бояд зикр намоем, ки ҳарчанд бештар бо шароити иҷтимоию иқтисодӣ асоснок мегардад, вале аз хусусиятҳои ҳар як инсон низ вобастагӣ дорад: аз психологияи ӯ, вазъи саломатӣ ва имконоти организми ӯ. Вариантҳои гуногуни воқеии тарзи ҳаёт дар он дида мешавад.
Тарзи ҳаёти солим ба иҷрои фаъолияти касбию ҷамъиятии инсон мусоидат менамояд ва муайянкунии фаъолияти шахсиятро дар самти ташаккул, ҳифз ва мустаҳкамкунии ҳам фард ва ҳам ҷомеа ифода мекунад.
Камҳаракатӣ, ғизои нокифоя ва номунтазам, ҳар гуна маълумоти барзиёд, бадтар гаштани вазъи экологӣ, стресси психологию эҳсосотӣ инкишофи шахсиятро халалдор месозад. Таъсири шароити иҷтимоӣ ба парокандагӣ,муноқишаҳо, аз байн рафтани анъанаҳо, арзишҳои маданию ахлоқии инсон оварда мерасонад. Дар натиҷаи он носолимии ҷиддии рӯҳию ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд ва дар интиҳо миқдори одамоне, ки маводи мухаддир ва нўшокиҳои спиртӣ истеъмол менамоянд, босуръат афзоиш меёбад, майлу рағбат ба тамокукашӣ мушоҳида мегардад.
Ҳама фикрҳои дар боло гуфташуда имкон доданд,ки доир ба масъалаи мазкур якчанд хулосаҳоро мухтасар ифода намоем:
1.Дар доираи тамсилаи мушаххаси ҷамъият ва ҷаҳонбинии мушаххас моҳият ва мақсади тарбияи ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва руҳиро дар ҳараёни мукаммали педагогӣ муайян кардан зарур аст.
2.Ба шакли маҷмўъ истифода кардани шаклҳои гуногуни ҷараёни педагогӣ, гуногунии онҳо ва ҳамбастагии зичи онҳо барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузошташуда, яъне паҳн кардани таҷрибаи технологияҳои муосири педагогӣ, ки ба талаботи педагогикаи саломатӣ ҷавобгӯ аст, зарур мебошад.
3.Дар баробари тайёрии анъанавии муаллими асри XXI бояд шаклњои алтернативӣ низ мавҷуд бошад,ки ба ташаккули колективи ҳамақидаҳо имкон диҳанд, то ин ки сатҳи касбии онҳо доир ба масоили ҳифзи саломатӣ баланд бардошта шавад.
Хулоса, бояд кард, ки масъалаи саломатии инсон дар ҳошияи арзишҳои умумиинсонӣ аҳамияти калонтар пайдо мекунад ва самти афзалиятноки инкишофи системаи таълими мактаби муосир мегардад.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО
1. “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” аз “30” октябри соли 2010 № 560
2. Кимиёи хирад. Душанбе – 2016, саҳ.22
3. Кабаян О.С. Масъалаи ташаккули дониш дар бораи тарзи њаёти солим. М. 2000. с. 226 – 230
4.Каптерев П.Ф. Энсиклопедияи тарбияи оилавӣ ва таълим. // Вазифаҳо ва асосҳои тарбияи оилавӣ. СПБ. 1913. 180с
5.Колашник. С. А. Саломатӣ – аз тариқи ҷаҳонбинии волеологӣ (гигенаи шахсӣ). // Масъалањои педагогикаи волеологӣ (гигиенаи шахсӣ). Зери таҳрири В.В.Колбанов – СПб., 1996. с. 22 -24
6.М.Лутфуллоев.,Тулўи хуршеди истиқлол ва масъалаҳои тарбия.Душанбе -2016.
7.М.Лутфуллоев., Педагогикаи шафқат. Душанбе – 1997.
8.М.Лутфуллоев., Педагогикаи башар Душанбе – 2008.
9. Тарбияи кӯдаки солим. (дастури методӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ ва падару модарон) Душанбе – 2008.
10.Шарифзода Ф.Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ- Душанбе: Ирфон.2010,саҳ.314-315