Дар идомаи сафар ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ҳайати гурӯҳи корӣ, зери роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, профессор Сатторов Абдурасул ва дотсент Шарипов Сангимурод бо шароиту имконият ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, маҷаллаҳои илмӣ, фаъолияти Шуроҳои диссертатсионӣ, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳои биологӣ ва химиявӣ, осорхонаи зоологӣ, қитъаи илмӣ-таҷрибавии растанипарварӣ ва дигар самтҳои раванди пажӯҳиш дар донишгоҳи мазкур шинос шуданд.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки дар самтҳои гуногун табодули таҷриба намуда, ба вусъати раванди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ рушд бахшанд.
Дарвоқеъ, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар шароити мураккаби ҷомеаи муосир метавонад ба таҳкими сулҳу дӯстӣ, вусъати иқтисод ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии зиндагии сокинон мусоидат кунад.