Дар кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Бонкдорон” дар мавзуи “Нақши қарзҳои бонкӣ дар рушди иқтисодии мамлакат” доир гардид.
Нахуст, роҳабри маҳфил ва мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирализода Зафар Миралӣ, иштирокчиёнро бо мавзуи матраҳшаванда шинос намуданд.
Дар идоми маҳфил омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ Худоёрова Умеда аз Смарт-Экран истифода намуда, моҳияти мавзуро ба иштирокчиёни маҳфил шарҳу тавзеҳ дод. Пас аз баромади Худоёрова Умеда, донишҷӯи бахши чоруми ихтисоси кори бонкӣ Сайдалиева Таҳмина дар мавзуи “Мавқеи бонкҳои қарзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ”баромад намуд.
Гуфта шуд, ки нақши бонк дар таҳкими тиҷоратӣ миёни аҳолӣ, басо калиди буда, аз ин рӯ самарнокии қарзҳои дарозмудат ба буҷаи аҳолӣ манфият бахш дониста мешавад.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, чунин маҳфилҳо дар назди кафедраю факултетҳо вобаста ба ихтисос гузаронида мешавад.