Имрӯз 30-юми сентябр дар ҷаласаи назоратии назди ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва муовинону деканoни факултетҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ муовинони ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд, оиди раванди таълим ва ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар назди ҳозирин баромад намуда, раванди таълимро дар факултетҳои қаноатбахш арзёби намуданд. Ёдовар гардид, ки ҳангоми дарсҳо устодонро зарур аст, ки аз технологияи навин васеъ истифода намоянд.
Гуфта, шуд, ки дарсҳои намунавӣ, мизҳои мудаввар тибқи нақшаи кории раёсат баргузор гардида истодаанд.
Дар идомаи баррасии масъалаҳо ректори донишгоҳ таъкид намуданд, ки санаи 5- уми октябр “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад. Инчунин аввали ҳафтаи моҳи октябр “Рӯзи омӯзгор” аст, бояд дар сатҳи баланд омодагӣ бинанд.
Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба аъзои ректорат ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳо дастуру супоришҳо доданд.