Имрӯз 1 – уми октябр дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба “Рӯзи омӯзгор” чорабини идона бо иштироки ректори донишгоҳ профессор, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, муовинони ректор оид ба таълим ва тарбия дотсент, Ҳамдамзода Хурсанд, Нурализода Наргис ва ҳайати профессорону устодон баргузор гардид.
Дар чорабини идона нахуст ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат суханрони намуда устодонро бо иди касбиашон самимона табрик намуд. Ёдовар гардид, ки самти омӯзгори пуршараф буда, дар ин ҷода “Мову Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш дорем ва ояндаи давлат, миллат ва Ватанро маҳз мову шумо месозем. Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки Сарвари давлат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо-омўзгорон ба сомон расониданд, бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки дар замири ҷавонон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дўст доштани сарзамини муқаддасамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирад, то ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон Тоҷикистон ва зиндагии хушбахтонаи наслҳои имрўзу фардо заминаи мусоид фароҳам оварем”.
Гуфта мешавад, ки ҳама сола аз аввали моҳи октябр чун рӯзи омӯзгор дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад, пас аз сухани табрикоти ректори донишгоҳ ба як гурӯҳ омӯзгороне, ки дар самти фаъолияти педагогӣ саҳми назаррас гузоштаанд, аз ҷониби ректор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо ифтихорнома ва аълочии маориф қадрдони карда шуд.
Дар охири чорабнии идона, аз ҷониби ҳаваскорони донишгоҳ суруду таронаҳо бахшида ба “Рӯзи омӯзгор” суруда шуд, ки хотири ҳозиринро шод гардониданд.