Имрӯз, 30-юми сентябр дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз ҷумла муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, профессоар Сатторов Абдурасул ва дотсент Шарипов Сангимурод бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодул ва истифодаи таҷрибаҳои самаровари ҳамдигар ба Донишгоҳи давлатии Бухоро ташриф оварданд.
Муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба таълим дотсент Ҷумаев Рустам ҳайати гурӯҳи кориро ба ҳузур пазируфта, роҷеъ ба шумораи устодону донишҷӯён, роҳу усулҳои муосири таълим, нашри китобу дастур ва барномаҳои таълимӣ, фаъолияти шуроҳҳои диссертатсионӣ, чопу интишори мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин дигар самтҳои раванди таълим ва илму таҳқиқот маълумот доданд.
Сипас, бо роҳнамоии номбурда устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо имконияту фаъолияти марказҳои забономӯзӣ, осорхонаи донишгоҳ, паркҳои технологӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ шинос шуданд.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пешрафти кишварҳо, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз робитаҳои гуногунсамти ҳамдигар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, сафарҳои корӣ дар доираи ҳамкориҳои анҷомёфта, умед аст, ки натиҷаҳои хуб ба бор меоваранд.