Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Сентябрь 30, 2024
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази мавлоношиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба бузургдошти Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз мутафаккирони тоҷик буда, нақши он дар адабиёти тоҷик басе баланд аст. Осори гаронбаҳо, бешабеҳ ва арзишманди Мавлоно баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст.
Устодони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – файласуф ва табиатшиноси овозадори тоҷик» ва «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар оинаи матбуот» маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки Мавлоно дар баробари ориф будан ҳамчунин назару ақидаҳояшро дар самтҳои табиатшиносӣ, бахусус илмҳои дақиқ баён намудааст. Ӯ на танҳо шоир, балки қомусшинос низ будааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав