Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рўзи омӯзгор
Касби омўзгорӣ дар ҳамаи давру замонҳо пешаи пуршараф ҳисобида шуда, муаллимро муҳандиси рўҳи инсон, пайвандгари аслҳо ва наслҳо донистаанд. Мову Шумо наслҳои хушбахти даврон ҳастем, ки имрўз дар соҳаи барои давлат афзалиятнок- соҳаи маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон-баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи донишҷўён ҷидду ҷаҳд дорем.
Боиси ифтихор ва сарафрозист, ки давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои миллат ба мову Шумо эътимоди комил доранд ва барои болоравии мақоми омўзгорон дар ҷомеа пайваста талош менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки мову Шумо дар ин зина фаъолият дорем, ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз лиҳози шумора куллан дигаргун гардид ва рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард.
Рушди маорифи кишвар собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид. Вале дар баробари ин, ҷомеа имрӯз аз мову шумо фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Ҳалли ин масъалаҳо ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии олимону омӯзгорон, аҳли зиё иртиботи мустақим дорад. Аз ин рў, барои ҳамқадами замон будан зарур аст, ки масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгориамонро баланд бардорем.
Тавре Пешвои миллат таъкид медорад: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.
Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилали ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо танҳо заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор зарур аст. Дар натиҷа наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад. Бо дарназардошти ин матлаб Пешвои миллат зимни суханронии хеш бахшида ба Рўзи дониш ба устодону омӯзгорони муҳтарам мурољиат намуда, таъкид доштанд: ки “Ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд”.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои амалӣ намудани ҳамаи орзуву армонҳо ва ҳадафҳои дар пешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ тамоми шароиту имкониятҳо, аз ҷумла китобхонаҳои барҳавои бо теъдоди зиёди китобҳои илмиву таҳқиқотӣ, озмоишгоҳҳои илӣ таҳқиқии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, синфхонаҳои компютериро муҳайё ва барои истифодаи васеи устодону толибилмон вогузор намудааст, ки устодону донишҷўён дар дилхоҳ вақт метавонанд аз онҳо истифода намуда, савияи донишу маҳорати хешро такмил диҳанд.
Боварӣ дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоњ ба хотири татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва фардои ободи давлату ҷомеа сидқан ба таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои арзандаи чавобгу ба талаботи замон дучанд заҳмат мекашанд ва дар рушди соҳаи маорифи кишвар саҳм мегузоранд.
Мову Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш дорем ва ояндаи давлат, миллат ва Ватанро маҳз мову шумо месозем. Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки Сарвари давлат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо-омўзгорон ба сомон расониданд, бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки дар замири ҷавонон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дўст доштани сарзамини муқаддасамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирад, то ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон Тоҷикистон ва зиндагии хушбахтонаи наслҳои имрўзу фардо заминаи мусоид фароҳам оварем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳайати профессорон ва кулли устодону омўзгоронро ба муносибати Рўзи омӯзгор самимона табрик гуфта, ба шумо саодатмандӣ ва барори корро таманно менамоям. Бигузор, Рӯзи омӯзгор барои Шумо-устодони гиромиқадр навгониҳои тоза ба тоза эҳдо намояд.
Рўзи омӯзгор муборак!