Дар идомаи сафари кории устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бахусус муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, профессор Сатторов Абдурасул ва дотсент Шарипов Сангимурод ба Донишгоҳи давлатии Бухоро масъалаҳои таълим ва илму таҳқиқот баррасӣ гардиданд. Зимни гуфтушунид бо муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бухоро оид ба илм ва инноватсия, профессор Расулов Тулқин роҳу усулҳои татбиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилу баргузории симпозиуму конфронсҳои муштараки байналмилалӣ, таҳия ва чопи мақолаҳои ҳаммуаллифӣ, навиштани тақриз ба рисолаҳои номзадиву доктории муҳаққиқони ҳар ду муассисаҳои олӣ, дар маҷаллаҳои илмии ҳамдигар чоп намудани таълифоти илмӣ, ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва дигар самтҳои фаъолият баррасӣ шуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ба роҳ мондани робитаҳои муштарак метавонад дар пешрафти бахшу соҳаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусоидат мекунад.
Умед дорем, ки бо дуруст ба роҳ мондани робитаҳои таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ миёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Бухоро дастовардҳо бештар мегарданд.