Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад.Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо – тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.
Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» – ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.
Бинобар ин ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.
Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад. Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.
Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо-ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд.
Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.
Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.
Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Забони тоҷикӣ дар даврони ташаккули худ, бисёр марҳилаҳои тўлонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намудааст.
Имрӯз низ дар даврони Истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро рукнҳои муҳимми давлатдорӣ идома дода истодааст.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмоли умум берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».
Дар ҳамин замина бояд иброз дошт, ки шуур ва тафаккури инсон тавассути забон шакл ва вусъат мегирад. Ба ибораи дигар, забон аломатҳои зоҳирӣ, ҷиҳати моддии шуур ва тафаккур ба шумор меравад.
Дар замони мо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунад. Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд.
Аз ин рӯ, таъкиди ин нукта, ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардонидани забон муҳим мебошад.
Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ тарбияи насли ҷавон мебошад, ки илова ба хуб донистани забони модарии худ бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақал се‐чор забони хориҷиро донад. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кўшиш ва ғамхорӣ намоем». Зеро, чунонки бузургон таъкид мекунанд, забони худро надониста, аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад.
Роҷеъ ба ин гуфтаҳо, Пешвои муаззами миллат дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».
Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад.Аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он зарур мебошад.
Зувайдуллозода Ганҷина Холмрод, номзади илмҳои иқтисодӣ, ДДБ ба номи Носири Хусрав