Имрӯз, 2 – юми октябр дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба “Рӯзи забони тоҷикӣ” дарси намунавии тарбиявӣ дар мавзуи “Забони миллат – ҳастии миллат” доир гардид.
Дар рафти дарси намунавии тарбиявӣ мудири шуъбаи тарбия Набизода Эмомалӣ, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Меҳрубон Назаров ва дигар омӯзорони факултетҳои донишгоҳ низ иштирок доштанд.
Сараввал номзади илмҳои филологӣ, Раҳмонов М. доир ба аҳаммияти таърихии забони тоҷикӣ ва мақоми он дар ҷомеа баромад намуд. Мавсуф ёдовар шуд, ки доир ба арзишмандии забони тоҷикӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асари мондагори худ “Забони миллат – ҳастии миллат” маълумоти фаровон овардааст. Ҳар яки мо бояд асари мазкурро пурра мутолиа намоем то ки аз мазмуну муҳтавои он баҳраёб гардем, – иброз дошт Раҳмонов М.
Баъд аз муҳокимаи мавзӯъ, донишҷӯёни гурӯҳи 202-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ситоиши забони тоҷикӣ шеъру тарона қироат карда, роҷеъ ба мақоми шоиста доштани забон дар ҷомеа ибрози ақида намуданд.
Ташкилу баргузории чунин дарсҳои намунавӣ метавонад ба ташаккули эҳсоси худшиносиву худогоҳии насли ҷавони кишвар таъсири мусбат расонад.