Имрӯз 2 – юми октябр дар майдони варзишии Донишгоҳи давалтии Бохтар ба номи Носири Хусрав гусели даъватшавандаҳо бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Муминзода Абдулмаҷид, ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва дигар намояндагони соҳаи ҳарбӣ доир гардид.
Нахуст, даъватшавандагонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, самимона шодбош намуда, аз ҳар яки онҳо матонату мардонагӣ, дӯст доштани ватан ва хизимат намудан ба ин диёрро ифтихору сарфарозӣ номид.
Чорабинии гусели даъватшавандагон дар майдони варзишии донишгоҳ идома ёфт.
Дар чорабини санъаткорони вилояти Хатлон баҳри болидахотири иштирокчиён суруду таронаҳо, ки таранумгари ватан буданд пешкаши ҳозирин гардонида шуд