Имрӯз, 2 – юми октябр дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари илмӣ-методӣ бо иштироки ҳайати устодону профессорони факултет Сафаров Ҷ., Сатторов А., Шамсуддинов Ф. баргузор гардид.
Дар семинари илмӣ профессор Сафаров Ҷ. дар мавзуи “Доир ба як усули исботи ягонагии функсияҳои тригонометрӣ ва гиперболикӣ” баромад намуд. Мавсуф зикр намуд, ки мавзуи пешниҳодгардида аз он шаҳодат, медиҳад, ки ҳамаи амалҳои математикӣ дорои хусусияти хосӣ ҳалли худро доранд. Барои пайдо намудани дилхоҳ функсияи гиеометри бояд формулаи махсуси онро донист.
Гуфта мешавад, ки илми ҳандаса дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон васеъ истифода мегардад. Ҳар як адад дорои вазифаи хоси худ мебошад, ки дар илми ҳандаса ва риёзӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон амалҳои махсуси ҳалкунандаро мебозанд.
Дар семенари илмӣ – методӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаи матраҳшаванда назару пешниҳоди худро баён намуданд.