Дар кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав миҳфили илмии “GREEN ECONOMY”- Иқтисодиёти Сабз таҳти унвони “Ҷанбаҳои рушди иқтисоди сабз дар иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид.
Дар маҳфили илмӣ мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Мирализода Зафар, муовини декан оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои иқтисодӣ Султонов Мусулмон ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Сипас, дар маҳфили илмии “Green economy” омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ Тағоймуродзода Барнои Файз дар мавзуи “From brown economy to green economy ” дар назди ҳозирин баромад кард.
Гуфта шуд, ки равандҳои иқтисодӣ алоқаманд аст ба фаъол будани самти макроиқтисодӣ, аз ин ҷост, ки Тоҷикистон ба иқтисоди сабз бастагии амиқ дошта, нигоҳдошти захираҳои табии ба рушди минбаъдаи соҳаи тиҷоратӣ муфид хоҳад буд.
Дар охир устодону шогирдон мавзуҳои таҳлилнамудаи хешро мавриди муҳокима қарор доданд.