Имрӯз, 4 – уми октябр дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултети забони англисӣ, н.и.ф., Шарифзода Баҳром, муовини декан оид ба илм ва инноватсия н.и.ф., Муродов А.И. ва дигар устодону донишҷӯён низ иштироки фаъолона доштанд.
Сухани ифтитоҳиро декани факултет н.и.ф. Шарфизода Б. ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни мизи мудавварро ба Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, зикр намуданд, ки забон рукни асосии давлату миллат маҳсуб ёфта, моро мебояд, ки онро ҳамеша ҳифозат кунем. Забони ноби тоҷикӣ дар тӯли қарнҳои гузаштаи аҷдодони миллат шаъну эътибори хешро гум накарда, то ба имрӯз омада расидааст.
Дар идомаи чорабинии илмӣ аз ҷониби омӯзгорон Шамсияи Д. дар мавзуи “Оғози худшиносӣ аз забони модарист”, муовини декан оид илм ва инноватсия н.и.ф. Муродов А.И. “Эмомалӣ Раҳмон пуштибони забони тоҷикӣ ва тарғибгари омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва Латифи Ҷ. “Таърихи забони паҳлавӣ” маърӯзаҳо шунида шуд.