Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид зикр намудаанд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.
Дар воқеъ, миллату давлат ва забон бо ҳам сахт алоқаманд буда, устувориву мавҷудияти онҳо аз ҳамдигар сахт вобастагӣ доранд. Ҳамин аст, ки ҷиҳати таҳкими забони тоҷикӣ давлату ҳукмат ва соҳибони он пайваста тадбирҳои судмандро амали менамоянд. Забони тоҷикӣ дар масири таърих бо вуҷуди мушкиливу монеа ва таъсиррасониҳо асолати худро нигоҳ дошта, барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат хизматҳои бебаҳову мондагор намудааст. Забони тоҷикӣ чун рукни асосии миллату давлат эътироф шуда, дар шинохти асолати миллӣ, рушди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва таркиби илму дониш замина мегузорад. Забон муҳимтарин омили ҳастӣ, бақои миллат, шиносномаи ҳар халқ ва муҳимтарин муқаддасот маҳсуб меёбад.
Ҳоло барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ давлату ҳукумат шароити мусоид фароҳам овардааст.
Аз ҷумла, таҳия ва истифода намудани номгӯи тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ– коргузорӣ ва дигар шаклҳои фаъолияту муносибат бо забони тоҷикӣ қадру манзалати ин забонро дар қаламрави кишвар ва хориҷ аз он боз ҳам боло мебарад. Бо забони тоҷикӣ сухан намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бонуфузтарин минбар СММ ба масъалаҳои гуногуни кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз мавқеъи арзишманд доштани забони тоҷикӣ дарак медиҳад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ низ истифода мешавад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун пояи њастии миллату давлат, василаи муоширату мубодилаи афкор миёни одамон, барқарору пайвандгари робитаҳои дӯстиву бародарии халқҳо шинохта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллати шарафманди тоҷик ва Пешвои миллат пуштибони асосии забони тоҷики мебошанд. Тараққиёту инкишоф ва камоли давлату миллат ба пойдории забон вобаста аст. Ҳамин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи ҳамдигаранд. Муносибати мо ба забон бояд ҷиддӣ, босаводона ва оқилона бошад. Мо ҳақ надорем, ки забони модариамонро хору зор намоем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони модарӣ симо ва пайкари миллат аст. Ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад”.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Забони тоҷикӣ аз лиҳози шеваи баён соддаву равон буда, дорои таркибҳои зиёди луғавӣ мебошад. Забони тоҷикӣ миёни дигар забонҳои дунё мавқею манзалати баланд касб намудааст, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст.
Бояд гуфт, ки дар ин росто нақши олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ, омўзгорони фанни забони тоҷикӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма хеле назаррас мебошад. Агар ҳар як фарди миллат масъулиятшиносӣ ва ҳисси эҳтиром нисбат ба халқи худ, миллати худ ва забони модарии худ дошта бошад, бо саъю кўшиши зиёд дар амалӣ гаштан ва риояи пурраи Қонуни забон ҳиссагузорӣ карда метавонад.
Вазифаи зиёиён, омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, волидон ва ҷомеа пеш аз ҳама дуруст маърифат ва тарғиб намудани яке аз муқаддасоти миллӣ, забони тоҷикӣ миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад. Ҳар фарди ҷомеа бояд забони модарии худро дўст дорад, эҳтиром намояд ва барои устувории он ҷаҳду талош намояд.
Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва хурсандии ҳар яки мост ва онро бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолият давлатӣ арзёбӣ кард.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди гузариш ба сохти нави давлатдорӣ мақому эътибори забони тоҷикӣ ба он ҳадде афзуд, ки дар давоми асрҳои гузашта ба ин андоза инкишоф наёфта буд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик маҳз ба воситаи забони тоҷикӣ ба даст омаданд, ки ин аз бузургиву шаҳомати забони давлатӣ дарак медиҳад. Дар кишвар тамоми симпозиуму конфронс ва ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланд бо забони тоҷикӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки аз шуҳрати ҷаҳони касб намудани забони модарӣ дарак медиҳад.
Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва хурсандии ҳар яки мост ва онро бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолият давлатӣ арзёбӣ кард.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди гузариш ба сохти нави давлатдорӣ мақому эътибори забони тоҷикӣ ба он ҳадде афзуд, ки дар давоми асрҳои гузашта ба ин андоза инкишоф наёфта буд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарњангӣ ва маънавии халқи тоҷик маҳзӣба воситаи забони тоҷикӣ ба даст омаданд, ки ин аз бузургиву шаҳомати забони давлатӣ дарак медиҳад. Дар кишвар тамоми симпозиуму конфронс ва ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланд бо забони тоҷикӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки аз шуҳрати ҷаҳони касб намудани забони модарӣ дарак медиҳад.
Тоиров Асомуддин – омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав