Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне забони тоҷикӣ, бо таърихи куҳан ва фарҳанги амиқаш, яке аз унсурҳои асосии шинохти миллӣ ва иттиҳоди мардум мебошад. Забони тоҷикӣ ҳачун забони ҳиндуаврупоӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ тавонистааст, ки таҳти таъсири фарҳанг ва забонҳои дигар, аз ҷумла забони арабӣ, туркӣ ва русӣ боз ҳам ғанитар гардад.
Забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони давлатӣ шинохта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки истифодаи забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди забону фарҳанги миллӣ ва ҳифзк нигаҳории он кушишҳои пай дар пай менамояд, то ин ки мавқеи забони тоҷикӣ на танҳо дар миқёси Тоҷикистон, балки бурун аз он низ маъруфият дошта бошад.
Фаъолияти забони тоҷикӣ на танҳо дар соҳаи илму маориф, балки дар расонаҳои хабарӣ, санъат, илм ва техника низ мавриди истифода қаарор дорад. Беҳтарин осори адабӣ ва илмии тоҷикон бо забони тоҷикӣ таълиф гардида, ин забон барои муаррифии фарҳанги тоҷикон ва тоҷикистониён дар арсаи байналмилалӣ хизмати шоён менамояд.
Имрӯз татбиқи Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар тамоми муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва ташкилотҳи муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба назар мерасад ва ҷавонон тавассути омӯзиши он бо забон ва фарҳанги милли хеш боз ҳам бештар шинос мегарданд. Дар солҳои охир, талабот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар мамлакатамон афзудааст, ки ин ба рушди дониш ва фаҳмиши ҷаҳонии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Забони тоҷикӣ дар ҷаҳони муосир бо падидаҳои нав, аз ҷумла беназирии фарҳангӣ, хатти миллӣ ва сохти иҷтимоии мардум робитаи зич дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагону донишҷӯён баҳри рушди забондонӣ ва илмомӯзӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз ҷумла, бунёди мактабҳои нав, ташкили марказҳои омӯзиши забонҳо ва баргузории фестивал симпозиумҳои фарҳангӣ барои ҳифзи забон ва фарҳанг муҳим арзёби мегардад.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ баҳри омӯзиш ва таълими забонҳо қариб тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст, ки ин ҳама баҳри тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ тадбиру иқдомҳои нек ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳамон чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегарданд. Устоону донишҷӯйни таълимгоҳ дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, ба васфи забони тоҷикӣ шеъру мақолаҳои хешро ироа мекунанд.
Хулоса забони давлатӣ ҳамчун асоси идоракунӣ ва фарҳанги миллӣ на танҳо боиси эҳёи арзишҳои миллӣ, балки заминаи муҳими муоширати байни халқҳои гуногун ва таҳкими дӯстии байналмилалӣ мебошад. Дастгирии забони тоҷикӣ дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ ва бурун аз он бояд идома ёбад, то ки ин мероси фарҳангии тоҷикон барои наслҳои оянда низ беолоиш боқӣ монад.
Хайриддин Собиров,
декани факултаи забон
ва адабиёти руси ДДБ
ба номи Носири Хусрав