Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд намуд: “Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад”. Аз ин ҷост, ки забони мо забони илм, забони шоирӣ низ ба ҳисоб меравад. Барҳақ шоир С. Сатторӣ мефармояд:
Забон аз Рӯдакӣ оғози худ ёфт,
Зи Фирдавсӣ пари парвози худ ёфт.
Забони тоҷикӣ аз дасти Айнӣ.
Басо зебу фару эъҷози худ ёфт.
Оре, забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба шумор рафта ба гуруњи забонњои ҳинду аврупои мансуб аст. Ин забон, дар тӯли садсолаҳо зери фишорҳои гуногун қарор гирифта, аз љониби олимону рушанфикрони тоҷик ҳифз карда шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ин забони равону ширин ру ба инкишоф ниҳод, ки аз соҳибзабонии мардуми шарифи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар ин давра бахусус бо дастгирии Асосгузори сулњу вањдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талошҳои ин шахсияти бузург забони тоҷики рушду такомул ёфт.
Дар ҳақиқат аз ба даст овардани истиқлолият мардуми тоҷик ба забони модарии худ тавваҷуҳи зиёд зоҳир намуда ба он арҷгузори мекунад.
Барҷост, ки Бадриддин Ҳилолии бузургвор фармудааст:
Забонро ҳеҷ нуқсоне набинад дар сухан гуфтан,
Вале чун бар забон як нуқта афзун шуд зиён ояд.
Эҳтиром ба забон эҳтиром ба миллат аст. Ҳар шахси худшиносу худогоҳ эҳтироми арзишҳои миллиро медонад. Забонро ҳамчун муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон ба ҳисоб меравад, ки ин забон аз ҳазор солаҳо ба мо мерос омадааст.
Пас зиёиёну масъулин ва падару модаронро мебояд аз оилаву кӯдакистон оғоз карда, ба муоширати ҷавонону наврасон бештар таваҷуҳ намоянд. Дар робита ба ин масъала ҳар шаҳрванди маскуни кишвар бояд худро вазифадор шуморему забони ноби миллати худро поку бегазанд нигоҳ дорем. Зеро забон волотарин нишонаи миллат ва мероси гузаштагони ҳар як халқу миллат аст.
Бешубҳа моро мебояд, ки барои боз ҳам равнақ бахшидани забони тоҷикӣ талош варзем, ҳар миллате, ки забони худро ҳифз мекунад ба мартабаи баланди давлатдорӣ мерасад, зеро забон шамшери миллат аст.
Шамсов Ҷумъахон – омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав