Дар асоси нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбия дар толори китобхонаи донишгоҳ аз ҷониби садорати факултети Физика мулоқоти волидайни донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юм доир гардид. Дар чорабинии мазкур Нурализода Наргис- муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Мирзозода Кибриё- декани факултети Физика, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва волидайни донишҷӯён иштирок доштанд.
Масъулон дар доираи мавзӯҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, боз ҳам баланд бардоштан ва пурзӯр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгири аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва одоби ҳамидаи инсонӣ, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва иштироки фаъолона дар дасрҳо баромад намуданд.
Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатноку дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон низ мавриди муҳокимарониҳо қарор дода шуд.
Масъалаи дигари муоқот ин натиҷагирӣ аз ҷараёни давомоти донишҷӯён буд. Гуфта шуд, ки ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Баъдан падару модарон аз раванди баргузории дарсҳои донишҷӯён ва шарту шароитҳои онҳо дидан намуда дар дарсҳои фарзандонашон иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳмонда шавад.