Забон аст, ки миллатро муаррифи менамояд, аз ин ҷост, ки пос доштани забон вазифаи ҳаряки мо ба ҳисоб меравад. Мехоҳам чанд андешаеро перомуни китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки «Забони миллат – ҳастии миллат» ном дорад ироа карда бошам.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст. Ҳадафи аслии худро муаллиф аз навиштани ин китоб дар эпиграфи он чунин баён кардааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Дар муқаддима зикр шудааст, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкон пайдо карданд, ки дубора мероси гузаштаи чандинҳазораи худро эҳё ва соҳибӣ кунанд. Дар ин давра забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
Боби аввали китоб, ки «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ» ном дорад, ба тањќиќу баррасии рушду инкишофи тадриљии забони тољикї бахшида шудааст. Дар фасли аввал – «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо» қайд гардидааст, ки «Забони тоҷикӣ дар тўли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархўрд ва рўёрўӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштаааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрўз мебошад».
Дар китоб даврабандии инкишофи забонҳои эронӣ оварда шудааст, ки тибқи он аввалин навиштаҳо бо забонҳои эронӣ ба се давра тақсим карда шудаанд: давраи забонҳои эронии бостон, давраи миёна ё давраи асримиёнагии рушди забонҳои эронӣ, давраи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ, ки то имрўз идома дорад.
Хулосаи ин боб ҳамин аст, ки забони тоҷикӣ, ки дар заминаи забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши онҳо ба вуҷуд омад, меросбари воқеии ин забонҳо ба ҳисоб меравад.
Боби дуюм «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ» унвон гирифта, аз панҷ фасл иборат аст. Дар ин боб масъалањои «тоҷикшиносӣ», пайдоиши калимаи «тоҷик», макон ва замони пайдоиши забони тоҷикӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Муаллиф бо такя ба пажўҳишҳои сайёҳон ва олимони дохиливу хориҷӣ дар бораи калимаи «тоҷик» маълумоти мухтасар ва мушаххас додааст. Масалан, аз китоби «Таърихҳои шарқӣ», ки соли 1773 дар Порис чоп шудааст, чунин иқтибос оварда мешавад: «Ањолии њама шаҳрҳои Бухорои бузург ва Бухорои хурд то худи марзҳои Чин бухороӣ ҳастанд, ки… сокинониқадимиву бостонии ин диёр мебошанд. Онҳоро «тоҷик» ё «шаҳрнишин» меноманд». Дар тавзеҳоти китоб чунин омадааст, ки «тоҷик» маънои шаҳрнишинро дорад, ки бухороиҳоро чунин меноманд.
Фасли дуюм «Муродифҳои вожаи «тоҷик» унвон гирифта, он низ дар навбати худ ба чанд зерфасл тақсим мешавад. Дар ин фасл оид ба робитаи вожаи «тоҷ» ва «тоҷик» маълумот дода шудааст. Дар тасдиқи андешаҳои худ муаллиф ақидаи шарқшиноси машҳури рус Н.В. Ханиковро оид ба алоқамандии вожаи «тоҷ» бо «тоҷик» зикр намуда, минбаъд ин ақидаро тавассути фикру мулоҳизаи олимоне ба монанди А.А. Семёнов, А. Вамбери, Л. Будагов, Де Лагард, С. Айнӣ равшантар менамояд. Ҳамчунин, дар ин фасл андешаи устод С. Айнӣ оид ба ин масъала оварда шудааст. Ғайр аз ин, бо асноду далелҳои қатъӣ, бо такя ба сангнавиштаҳо, катибаҳо, сиккаҳо ва дастнависҳо дар бораи таърихи қадима доштани вожаи «тоҷик» маълумот дода мешавад. Дар маҷмўъ, дар ин ду фасл дар бораи пайдоиши калимаи «тоҷик», рўзгори аҷдоди тоҷикон, густариши ҷуғрофӣ ва маҳалли сукунати онҳо маълумот дода мешавад. Илова бар ин, доир ба маънои луғавии калимаи «тоҷик» назари муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ баён мешавад.
Фасли сеюми ин боб «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» унвон дорад. Дар ин фасл оид ба маҳалли пайдоиши забони тоҷикӣ ва сайри таърихии он сухан меравад. Дар ин боб дар такя ба навиштаҳои адибони маъруфе амсоли Саид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ, Евгений Бертелс, Маликушшуаро Баҳор, Забеҳуллоҳ Сафо, Ҷалоли Матинӣ, Абдулҳай Ҳабибӣ, Мирғулом Муҳаммади Ғубор, Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон чунин натиҷагирӣ карда мешавад, ки макони пайдоишу густариши забони адабиву китобии тоҷик Хуросону Мовароуннаҳр аст. Дар охири ин боб муаллиф ба чунин хулоса омадааст, ки забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Ому мебошад ва осори боқимондаи илмиву адабӣ гувоҳи он аст, ки ин забон идомаи мустақими забони форсии миёна ё шакли таҳаввулёфтаи вай нест, балки он забонест, ки то густариши ислом ба сифати забони мустақил дар баробари забони форсии миёнаи сосонӣ вуҷуд доштааст.
Боби сеюми китоб «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» аз 4 фасл иборат буда, дар он муаллиф таърихи забони тоҷикиро дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Пешвои миллат аз шикасти забонҳои расмиву динии Эронзамин дар мубориза бо забони арабӣ ва роҳ ба сўйи фанои тадриҷӣ паймудани онҳо нақл мекунад ва мегўяд, ки дар баробари ҳамин гуна хатар дар ҳамон замони истилои араб мардуми кишварҳои дигар, аз қабили Миср, Ироқ, Сурия ва ғайра, ки дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ буданд, ҳувияти маънавии хешро аз даст дода, «араб» гаштанд. Вале «хушбахтона, чунин сарнавишти талх насиби гузаштагони огоҳу бедордили мо нашуд, зеро дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ омилҳое рўйи кор омаданд, ки ба тавфиқи талошҳои поймардонаи ниёкони огоҳу бедордили мо барои ҳифзи ҳувият ва асолати фарҳангу тамаддуни ориёӣ мусоидат карданд. Дар раъси ин омилҳои ҳастисоз забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ қарор дошт, ки вуҷуди он гузаштаи тоисломии халқҳои эрониро бо даврони исломии таърихи Эронзамин бипайваст ва нагузошт, ки миёни ин ду марҳила аз лиҳози ҷаҳоншиносии динӣ ба ҳам мухолиф фосила ва гусастагии маънавӣ пайдо шавад, ҳамон гуна гусастагие, ки мўҷиби «араб» шудани мардуми кишварҳои дигар гардид».
Боби чаҳоруми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» унвон гирифта аз чор фасл иборат аст. Дар фасли якум – «Кўҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ» аз намунаҳои хатҳои аввалин аз қабили хати тасвирӣ ва оромӣ сухан меравад. Сипас ба масъалаи таъриху таҳаввул ва вазъияти хатҳои забонҳои форсии қадим руҷўъ карда мешавад. Ин фасл дар навбати худ аз ду зерфасл таркиб ёфтааст. Дар зерфасли аввал – «Намунаҳои наср дар шакли вожа, ибора ва ҷумлаҳои алоҳида» аз манбаъҳои гуногуни таърихию адабӣ аз ҷумла «Китоб-ут-тоҷ фӣ ахлоқ-ил-мулук», «Ал-маҳосин ва-л-аздод», «Номаи донишварон», «Ат-тадвин фӣ ахбори Қазвин», «Китоби амвол» дар қолабҳои калима, ибора ва ҷумлаҳои алоҳида намуна оварда мешавад.
Дар зерфасли дуюм–«Намунаҳои назм» аз осори таърихию адабии арабию форсӣ порчаҳои шеърӣ оварда мешавад. Дар маҷмўъ дар ин фасл бештар ба порчаҳои парокандаи осори манзуму мансур, ки ба фарҳанги мардум алоқаманданд, такя карда мешавад.
Дар фасли дуюм – «Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ» оид ба куҳантарин намунаҳои китобии тоҷикӣ сухан меравад. Ин фасл низ аз ду қисмат таркиб ёфтааст. Дар қисмати якум сухан аз аввалин шоирони порсигў, аз қабили Абўҳафси Суғдӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқ, Васифи Сагзӣ, Бассоми Курд, Абусалики Гургонӣ, Фирўзи Машриқӣ рафта, аз ашъори онҳо намунаҳо оварда мешавад.
Дар қисмати дуюми ин фасл дар бораи аввалин китобҳои осори мансур сухан рафта оид ба асарҳое ба монанди «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Гаршоспнома» ва «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуайяди Балхӣ, тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», «Тафсири Қуръон», «Донишнома»-и Майсарӣ, «Шуморнома»-и Муҳаммад Аюби Табарӣ, «Ҳидоят-ул-муаллимин фӣ-т-тибб»-и Абўбакри Ахавайнии Бухороӣ, «Таърихи Систон», «Китоб-ул-абния»-и Муваффақи Ҳиравӣ, «Синдбоднома» ва ғайра маълумоти мухтасар оварда шудааст.
Дар фасли чоруми ин боб, ки «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» номгузорӣ шудааст, Пешвои миллат аз китобҳои илмии соҳаҳои гуногун, ҳамчунин, аз китобҳои адабӣ ёдоварӣ мешавад, ба монанди «Шуморнома»-и Айюби Ҳосиби Табарӣ, «Ҳудуд-ул-олам», «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Абуяъқуби Сиҷистонӣ, «Ҳидоят-ул-муаллимин фӣ тиб(б)»-и Абубакри Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнӣ, «Китоб-ул-абния ан ҳақоиқ-ил-адвия»-и Алӣ ибни Аҳмади Асадии Тўсӣ, «Рагшиносӣ» ё «Рисола дар набз» ва «Донишнома»-и Абуалӣ Сино, «Китоб-ут-тафҳим ли авойили саноат-ит-танҷим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хусрав. Аз ҳар яки ин асарҳои зикргардида намунаҳо оварда шуда, ба њамин васила собит карда мешавад, ки забони тољикӣ давоми садсолањо забони илм низ будааст.
Боби панҷуми китоб «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» ном дошта, аз 5 фасл иборат аст. Дар фасли аввали ин боб – «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён», Эмомалӣ Раҳмон таҳлили таърихии забони тоҷикиро дар аҳди Сомониён, ки давраи дурахшонтарин саҳифаи таърихии давлатдории тоҷикон ва пурбортарин давраи шукуфоии забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) маҳсуб мешавад, баррасӣ намудааст.
Сарвари Давлат дар идомаи таҳқиқоти худ забони тоҷикиро мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод гуфтааст: «Ин забон дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид, зеро амирони сомонӣ мисли Яъқуби Лайси Саффорӣ ба забону адаби мардуми худ муҳаббати фаровон доштанд ва ба ҳимояту тарбияти шоиру нависандагони ҳамзабони хеш сахт камари ҳиммат баста буданд».
Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки таълифу тадвин ва тарҷумаи бештари осори арзишманди аҳди сомонӣ бо дастури амирону вазирони Оли Сомон анҷом гирифтааст. Аз ҷумла, осори рангину мондагоре назири «Шоҳнома»-и Дақиқӣ, «Калила ва Димна»- манзуми Рўдакӣ, «Синдбоднома», «Таърих» ва «Тафсир»-и Табарӣ, «ас-Саводу-л-аъзам»-и Абулқосими Самарқандӣ, «ал-Абния ан-ил-ҳақоиқ-ил-адвия»-и Абумансури Муваффақи Ҳиравӣ ва ғайра, ки дар ҳамин аҳд таълифу тадвин ва ё аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ тарҷума шудаанд, ба номи амирону вазирони сомонӣ пайванди ногусастанӣ доранд.
Дар фасли дуввуми ин боб, ки «Вижагии забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён» ном дорад, муаллиф дар бораи вожаҳои забони тоҷикӣ дар осори муҳаққиқу шоирон чун «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тўсӣ, осори ба забони тоҷикӣ таълифшудаи Абуалӣ ибни Сино ва дигарон мисолҳо оварда баҳс мекунад.
Фасли саввум «Забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиён» унвон гирифтааст. Сарвари давлат таъкид мекунад, ки аксари подшоҳони ғазнавӣ ба мисли Сомониён ба забони тоҷикӣ ва илму адаб алоқамандии зиёд дошта, дар дарбори онњо олимону адибон мақоми хосса доштанд.
Подшоҳони Ғазнавӣ ба мазҳаби ҳанафӣ ва бунёди мактабу мадрасаҳо низ мусоидат менамуданд.
Дар фасли навбатии боби панҷум муаллиф дар хусуси вазъи забони тоҷикӣ дар аҳди Зиёриён ва ё Повандиён маълумот медиҳад. Муаллиф бар ин гуфтор аст аст, ки дар қаламрави давлати Зиёриён забонҳои табарӣ ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор доштанд, вале мутаассифона, забони коргузорӣ ва номанигории дарбори Оли Зиёр забони арабӣ буд.
Боби шашуми ин китоб – «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» 5 фаслро дар бар гирифтааст. Дар маҷмўъ дар ин боб густариши забони тоҷикӣ ва таъсиру нуфузи он ба забонҳои дигар дар давраҳои гуногуни таърихӣ таҳлилу баррасӣ мегардад.
Дар фасли якуми ин боб паҳншавии нуфузи забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои Ҳинду Синд, Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу Сурия нақл мешавад. Дар фасли дуюм Пешвои миллат вазъи забони тољикиро дар аҳди Салҷуқиён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Дар ин фасл сухан оид ба вазъи забони форсии тоҷикӣ дар қаламрави мамлакати Салҷуқиён меравад. Муаллиф дар бораи вазъи сиёсӣ ва адабии даврон маълумоти мухтасару мушаххасе оварда, сипас намояндагони адабу фарҳанги ин давраро, аз қабили Носири Хусрав, Хайёми Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдумалик Муизии Нишопурӣ, Анварии Абевардӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Қатрони Табрезӣ, Асадии Тўсӣ, Хоќонии Шарвонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ зикр менамояд, ки осори онҳо ба забони форсии тоҷикӣ таълиф гардида, дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ саҳми назаррасе гузоштаанд.
Дар фаслҳои сеюм ва чорум Пешвои миллат дар хусуси вазъи забони тоҷикӣ дар аҳди Ғуриён ва Хоразмшоҳиён маълумот медињад ва таъкид менамояд, ки дар «ҳамаи ин айём забони расмии дарбор ва забони бештари мардуми қаламрави ин хонадонҳои подшоҳӣ забони тоҷикӣ буд».
Фасли панҷуми ин боб «Нуфузи забонҳои бегона ба забони мо» унвон гирифтааст. Дар ин фасл таъсири забонҳои бегона ба забони тоҷикӣ баррасӣ мегардад. Таъсири забони арабӣ махсусан қайд карда шуда, бо омилҳои иқтисодӣ, динӣ, низомӣ, сиёсӣ, илмию адабӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ марбут дониста мешавад.
Ҳамин тавр, муаллиф андешаву афкори худро ҷамъбаст намуда, ба хулосае меояд, ки забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) то ҳамлаи муғул новобаста аз ҳаводиси рўзгор ва шебу фарози таърих вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта тавонистааст. Забони тољикӣ дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву давлатии ин замон – забони арабӣ на танҳо истодагарӣ мекунад, балки мавќеи ин забонро танг намуда, тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир паҳн гардида, ба забони байналмилалӣ табдил меёбад.
Хулоса, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷомеътарин асарҳои илмӣ дар соҳаи таърихи забони тоҷикӣ буда, муаллифи он – Пешвои муҳтарами миллати мо афкору андешаҳои гуногуни донишмандони гузаштаву имрўзро вобаста ба рушду инкишофи тадриҷии забони тоҷикӣ хулосаву ҷамъбаст намудааст.
ТОЛИБОВ ДОДАРБЕК – Омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав