Иди фархундаи забонро ба сокинони гуногунмиллат ва гуногунзабони Ватанамон самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои муқтадир ва соҳибхати дунё ба шумор меравад, дар асри 10 дар замони давлатдории Сомониён ба мақоми давлатӣ соҳиб шуда буд. Ин имконият ба забони тоҷикӣ бидуни қабули қонуни забон танҳо аз рӯйи иродаи қавӣ ва сатҳи баланди худшиносии амирони сомонӣ, хусусан Исмоили Сомонӣ насиб гардида буд. Ин забон дар тӯли бештар аз ҳазор сол, сарфи назар аз он ки ҳукуматдорон намояндагони қпвмҳои дигар будаанд, вазифаи забони расмӣ ва дипломатиро адо намуда, боиси ба вуҷуд омадани мактабҳои бузурги адабию фарҳангӣ гардид.
Хусусан, дар давраи салтанати арабҳо, ки ба забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) таълиф намудани асарҳо манъ буд, бузургмардони арсаи адабиёту фарҳанг талош мекарданд, ки бо забони шевою гуворои худ асарҳо офаранд ва ба ин васила пойдориву устувории забони тоҷикиро таъмин намоянд. Яке аз шоирони муборизи ин давра Ҳанзалаи Бодғисӣ гуфта буд:
Меҳтарӣ гар ба коми шер дар аст,
Шав хатар, кун зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон- т марг рӯёрӯй.
Қитъаи мазкур баёнгари он аст, ки гузаштагони мо дар роҳи ҳифзи забон ва миллату давлати худ бо марг рӯ ба рӯ истода мубориза мебурданд.
Инчунин, Носири Хусрав дар шеъри “Дар мазаммати шуаро” ҳокимони даврро бо забони поку беолоиши дарии тоҷикӣ васфу ситоиш кардан нахостааст:
Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам,
Мар ин қимати лафзи дурри дариро.
Аз осори боқимондаи ин бузургон маълум аст, ки маҳз ҳамин худшиносии баланди гузаштагони мо боис гардидааст, ки забони тоҷикӣ тӯли ҳазорсолаҳо бегазанду устувор шебу фарозҳои таърихро паси сар намуда, зери ҳимояи соҳибзамонон то замони мо омада расидааст.
Забон низ дар радифи муқаддасот аст. Барои тақвияти ин фикр боз ба гузаштаи дур рӯй меорем. Дар таърихи адабиёти классикии тоҷику форс чунин анъанае роиҷ буд, ки агар адибони мо асари калонҳаҷме эҷод мекарданд, бобҳои муқаддимавии онро ба наъту муноҷоти Худову расул, васфу ситоиши пайғамбар, шахсиятҳои маъруфи давр ҳамчун анъана мебахшиданд. Дар қатори ин, ҳамчунин боби алоҳидаеро ба таърифу тавсифи сухан мебахшиданд, ки баёнгари бузургию муқаддас будани забону суханро нишон медиҳад.
Дар анҷоми ин гуфтаҳо ба ҳамзабонон бори дигар Ҷашни забонро табрику муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки тансиҳату сарбаланд бошанд ва дар роҳи пояндаву устувор ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ хастанопазир бошанд.
Каримов Сафарбек – омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав