Руй овардан ба илмомӯзӣ, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушду такомули иқтисодии мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон. Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ , инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.
Бо ин мақсад дар ҳошияи иди касбии омӯзгорон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” мусоҳибае оростем бо профессор, корманди шоистаи Тоҷикистон Абдурасул Сатторов, ки фишурдаи онро манзури хонанда мегардонем.
-Устод аз нигоҳи Шумо киро омӯзгори воқеӣ гуфтан мумкин аст?
-Дар ҳақиқат, омӯзгор дар ҷомеа шахси асосӣ ба ҳисоб меравад, зеро омӯзгор шахсро тарбия ва ба камол мерасонад. Аз ин ҷиҳат, омӯзгор ҳамон касе шуда метавонад, ки агар вай фидоӣ шуда, ба касбу фаъолияти худ сидқан машғул шуда, аз болои худ кор кунад, навигариҳоро дар самти таълим доимо омӯзад ва ба шогирдон таълиму тарбияи хуб дода тавонад. Танҳо ҳамин хел шахсро мо омӯзгори воқеӣ гуфта метавонем.
-Интихоби касб, алалхусус интихоби илмҳои равияи дақиқ ва риёзӣ барои бисёриҳо дар аввал хеле мушкил аст. Мегуфтед, ки чаро маҳз дар пешаи омӯзгорӣ илмҳои дақиқ ва риёзиро интихоб намудед?
-Дар асл имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир ин интихоби касб миёни ҷавонон мебошад. Бояд муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва дар интихоб намудани касб ба шогирдон кӯмак намоянд. Ман аз ҷавонӣ ба омӯзгоре, ки ба ман таълими фанни математика медод, сахт диққат медодаму шавқу ҳавасам ба пешаи омӯзгорӣ ва илми математика дучанд мегардид, аз ҳамин ҷиҳат пешаи омӯзгорӣ ва равияи илмҳои дақиқ ва риёзиро интихоб кардам ва имрӯз хушбахтам, ки ҳамчун омӯзгори фанни математика ба шогирдон илм меомӯзонам.
-Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба назари шумо дар назди омӯзгорон чӣ масъулият мегузорад?
-Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи маориф ин як барномаи муҳим ва афзалиятнок дар фаъолияти омўзгорони соҳа ба шумор меравад ва ин омӯзиш аз рушди худи ҷомеа вобастагӣ дорад. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ ҷиҳати омӯзонидани фанҳои дақиқ ва риёзӣ якчанд озмоишгоҳу лабараторияҳои фаннӣ ташкил гардидааст, ки омӯзгорону донишҷӯён дар ин озмоишгоҳҳо тадқиқотҳои худро бурда истодаанд. Инчунин дар донишгоҳ ду Шурои дисертатсионӣ фаъолият менамояд, ки барои пешрафти сатҳи илмии омӯзгорони ҷавон мусоидат мекунад.
-Мушоҳида мешавад, ки завқи бархе аз донишҷӯён ба омўзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ то андозае коста гардидааст. Мехостем бифаҳмем, ки роҳҳои баландбардории завқи толибилмони равияи илмҳои дақиқ ва риёзӣ кадом аст?
-Дуруст аст, ки имрӯз завқи бархе аз хонандагону донишҷӯён ба равияи илмҳои дақиқ ва риёзӣ ба андозе коста гардидааст, вале завќи на ҳама. Аз омилҳои асосии ин иллат аз ҷониби бархе аз омӯзгорони ҷавон то дараҷае кам гардидани салоҳиятнокии онҳо мебошад. Омӯзгорон бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки бо донишҷӯён пайваста маҳфилу чорабиниҳо ва викторинаи саволу ҷавоб аз илмҳои дақиқ ва риёзӣ гузаронанд, то ки завқи донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ бештар гардад.
-Мо шоҳиди баргузории конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мегардем. Шумо мегуфтед, ки оё баргузории соле як маротиба конференсияи ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани завқи азхудкунии донишҷӯён кифоят мекунад?
-Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамасола конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат амалӣ карда мешавад, аммо ин кор бояд танҳо дар мактабҳои олӣ маҳдуд шуда намонад. Мо бояд ин корҳоро дар мактабу литсейҳо ва дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ҷоннок намоем. Яъне робитаи байни мактабу донишгоҳро мо бояд мустаҳкам намоем ва омӯзгорону олимони пуртаҷриба ба мактабҳо рафта, бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом диҳанд ва шавқи онҳоро ба илмҳои дақиқ ва риёзӣ бедор намоянд.
Устод, барои суҳбати самимӣ ташаккур!
Мусоҳиб: Хайрулло Саъдуллоев
“Фурўғ”