Қодирзода Бахтиёр Бобомурод, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Аскарализода Самандар Аскаралӣ, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Таърих собит намудаст, ки тайи ҳар садсолаҳо инсонҳое офарида мешаванд, ки дар рушди тамаддун, фарҳанг, ҳуқуқ, сиёсат, иқтисод ва дигар муносибатҳои ҳаётан муҳимми ин ё он давлату миллат хизматҳои шоён намуда, дар таърих бо ҳарфҳои заррин номи чунин бузургон сабт шуда, саҳифаи наверо дар таърих боз мекунад.
Ба сифати чунин шахси муътабар ва хирадманд, ки дар ҳолати хеле ҳам ҳассос Эзид ба мо ҳадя кард, Эмомалӣ Раҳмон буд. Мусаллам аст, ки чунин марди хирадманд аз вақти ба сари ҳокимият омаданаш кӯшиши ҳамаҷонибаи хешро баҳри барқарор намудани ҳокимият, рушди қонунгузории миллӣ, суботи сиёсии ҷомеа, инкишофу равнақ додани иқтисоди миллӣ, танзими муносибатҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа нақши босазое гузошт. Ҳамзамон тавассути истифода намудан аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориаш таҳия ва пешниҳод намудани қонунҳои боадолат, ба хусус қонунҳои миллӣ дар рӯшди қонунгузории миллӣ саҳми арзандае гузошт. Конститутсияи соли 1994 бо ислоҳоти конститутсионӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, ҳамчун давлати иҷтимоӣ таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як инсон ва шароити инкишофи озодонаро ҳадафи марказии худ интихоб кард [1, с. 2].
Принсипҳои сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, гуногунандешии сиёсӣ, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат, пазируфтани гуногуншаклии моликият, таснифи ҳокимияти давлатӣ, баробарҳуқуқии инсонҳо ба воситаи Конститутсия ва ислоҳоти ҳуқуқӣ ба низоъми ҳуқуқии мамлакат ворид гардиданд. Ин ҳама дастоварду ислоҳот аз ҳамон иҷлосияи таърихӣ ба сари қудрат омадани Роҳбари закӣ, дурандеш ва ояндабин сарчашма гирифт. Бо гузашти солҳо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси хотирмон бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми ноябри соли 2012 пас аз саёҳати таърихие дар шоҳроҳи шаклгирии давлати тоҷикон, эътимодкорона гуфта буданд: “Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида , барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд” [2. с. 9].
Ислоҳоти конститутсионӣ ва рушди низоъми ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоъми ҳуқуқии кишварро ба низоъми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил дод. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки ӯ ҳамчун бунёдгузори давлати миллӣ давлати нави муосири тоҷикон заминаи ҳуқуқии онро низ таҳия намуда, ба ҳуқуқ хирадмандона назар карда, табиати меъёрҳои онро ба хирад, адолат ва инсоф табдил дод.
Ҳамзамон дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ мавзуи ветои сарвари давлат вобаста ба раванди қонунэҷодкунӣ ва амалӣ намудани ваколати ӯ оид ба имзогузории қонунҳо омӯхта мешавад. Ҳуқуқи рад кардани имзогузории қонун ва ё лоиҳаи қонун ва баргардонидани он ба парлумон барои такроран баррасӣ ва қабул намудан, нақши фаъоли сарвари давлатро дар раванди қонунгузорӣ ифода мекунад [3 с. 306]. Баробари ин бояд қайд кард на ҳар як сарвари давлат аз ин ҳуқуқ бархӯрдор аст. Масалан, мувофиқи моддаи 91 Конститутсияи Испания “Шоҳ дар муддати понздаҳ рӯз қонунҳои Кортесҳои Генералӣ маъқул донистаро тасдиқ мекунад ва дар хусуси фавран интишор намудани онҳо амр медиҳад”.
Тасдиқнамоӣ амалан имзогузориро ифода мекунад. Яъне шоҳ ҳеҷ гуна ҳуқуқи вето надорад. Ба ҳамин монанд Президенти федералии Олмон мувофиқи қисми 1 моддаи 82 Қонуни Асосӣ фақат қонунҳои мувофиқи Қонуни асосӣ қабул гардида ва қаблан ҳукумат маъқул шуморидаро, расмӣ мегардонад. Президент ҳуқуқи баргардонидани қонунро, яъне ҳуқуқи ветогузорӣ ба қонунро надорад. Президенти Франсия низ аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқи ветогузории қонунҳо бархӯрдор нест [4. с. 136-137].
Таҳияи ҳуқуқи миллӣ бо қабули қонунҳои миллӣ яке аз дастовардҳои нодири Роҳбари давлати тоҷикон аст, сифати асосгузори ҳуқуқи миллиро ба ӯ мансуб медонад. Қабули нахустин қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8-уми июни соли 2007, № 272 дар ҷомеаи анъанавӣ кори саҳл набуда, заҳмати тӯлонии таърихиро талаб менамояд.
Ҳақиқатан, анъанаю маросими халқӣ, динӣ, ки ба манфиати инсон, ҷомеа ва давлатанд, дар баробари ҳуқуқ, ахлоқ, дигар навъҳои ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ васоити пайванд ва нуқтаи муҳимми устувори миллат дар масири таърих буданд. Урфу одат ва анъанаю маросим ба иллате гирифтор шавад, аз моҳияти аслиашон дур гарданд, бешубҳа миллатро ба маризии иҷтимоӣ, мардумро бошад ба камбизоатӣ гирифтор намуда, давлатро фалаҷ мегардонад.
Абунасри Форобӣ дар асари машҳураш “Мадинаи фозила” ҳанӯз дар асри Х ба ин масоил аҳамияти муҳим дода, анъанаҳои неки инсониро, ки ба ҳастии муътадил ва саодати халқ созгор аст, ҳамчун сифати сокинони шаҳри саодатманд ва карру фари зиёдатӣ, рӯзхушгузаронии исрофкоронаи мардумро ҳамчун бошандагони кишвари ҷоҳил тавсиф намудааст. Ибни Халдун бошад, дар “Муқаддима” карру фар, рӯзхӯшгузаронӣ ва зиёдаравиро дар зиндагӣ ва маросим асоситарин монеа дар роҳи мулкдорӣ, пешравӣ дар ҳаёт ва нуқсон дар ваҳдати ҷомеа донистааст.
Орифони мо Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино Саъдӣ, Аттор, Низоъмулмулк, Ғаззолӣ, Кошифӣ, Саноӣ, Носири Хусрав, Самандархоҷаи Тирмизӣ ва дигарон дар навиштаҳои баландмазмуни ахлоқии худ насиҳат кардаанд, ки сарфаю сариштакори хислати неки инсонӣ маҳсуб шуда, бояд ба он бештар таваҷҷуҳ намоем, вале таассуфангез аст, ки на ҳамеша ва на дар ҳар давру замон панду андарзҳои эшон роҳ ба тафаккури мо ёфтаанд. Дар ҳақиқат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррасе дар рушди ҳуқуқи миллӣ гузоштааст, зеро ӯ аз замони истиқлолияти комили сиёсиву ҳуқуқӣ ба даст овардани Тоҷикистон дар эҳёи анъанаҳои суннати давлатдории миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягонаву иҷтимоӣ ва ба вижа низоъми ҳуқуқи миллӣ замина гузошт [5. с. 4-42].
Чунин вазъият дар халқу кишварҳои мухталиф дар қарнҳои гузашта ва имрӯз зиёд рух додааст. Дар аксар маврид давлатҳо тавассути ислоҳоти азим ба ислоҳи чунин вазъият пардохтаанд. Ислоҳоти таърихии шоҳони тамаддуни бостонии Юнону Рим, Бобулистону Чин, Форсу Ҳинд, тағйирпазирии фарҳангии давлатҳо дар замони Эҳё ва нави Аврупо, ислоҳоти фарҳангии Пётри I ва дигарон аз зумраи чунин тағйирпазириҳои иҷтимоии назарраси таърихианд. Дар мо ислоҳоти иҷтимоӣ ва мафкуравӣ тавассути қонуни танзим оғоз шуд, ки аз ташаббуси қонунгузории бевоситаи Пешвои миллат буд. Ин роҳи қонунӣ – роҳи дурусти пазируфтаи давлати демократӣ ва рушди низоъи ҳуқуқи миллӣ буд. Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун аркони муҳимми фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбад. [6. с. 18].
Имконияту шароити бесарҳади баргузории ҷашну маъракаҳо, ки дар фазои озод ба манфиати оилаҳои Тоҷикистон зарба зада, иқтисодиёти онҳоро хароб мекард, дар натоиҷи кор таъсири манфии хешро ба сатҳу сифати маънавиёт, арзишҳои миллию динии халқ низ гузошт. Дар ин замина ҷашну маросим ва анъанаю маъракаҳое, ки тобиши миллӣ ва динӣ доштанд, аз зарфияти миллию динӣ дар заминаи кибр, ғурур, зоҳирпарастӣ, худнамоӣ, тақлиди беҷо дур шуда, моҳият ва аслияти табииашонро, ки бояд ба саодати зиндагии мардум созгор мебуд, гум кардаанд. Дар чунин шароит давлати демократӣ ҳамчун ҳомии озодии эътиқод ва фарҳанги миллӣ оё метавонист бетараф бошад? Албатта не, зеро дуршавӣ аз асолати фарҳангӣ ва эътиқодӣ бар зарари аҳли ҷамъият аст.
Як нуқтаи дигарро мехоҳам ишора намоям ба назари мо дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳои бузурги тараққикарда бад-ин васила мехоҳанд давлатҳои миллиро, ки бо низоъми ҳуқуқи миллии хеш дар ҳоли эҳё ва инкишоф аст, аз байн баранд бо пешниҳод ва намоиши ҳар гуна либосҳои нимбараҳна, ки худи онҳо аз рӯйи ҳисси миллӣ не, балки бо хост ва иродаи нафсонӣ ба бар мекунанд ва иддао доранд, ки ин самараи озодист. Ба фикри мо озодӣ ва истиқлолияти фарҳангии кул дар дохили русум ва тамаддуни ниёгон чун унсури низоъми қонунгузории миллӣ аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо чунин печишу чолиши манфиатҳоро дар либоси арзишҳои мухталиф ва ғаризаҳои неруи имкон дорем амиқтар тасаввур карда, зарурати дахолати давлатро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки дар қонуни танзим дар тағйиру иловаҳои воридгардида ба матни қисми 2 моддаи 15 бо чунин мазмун “Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд аркони фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллиро ҳифз намоянд. “Масалан ҳамон таъкидоти ҳифзи либоси миллиро гирем. Барои бисёр либералҳо ва озодипарастони қолабӣ (чаро қолабӣ? барои он, ки онҳо озодиро шунидаанду фалсафаи онро дарк накардаанд) то ҳанӯз ин масъалаи барои ҷомеаи озод бегона аст. Комилан ба чашми хирад нигарем, бовари ҳосил мекунаем, ки зери ин арзиши маънавӣ ва фарҳангӣ мавҷҳои пуртуғёнест, ки халқро аз асолати миллиаш дур карда, аввал истиқлолияти фарҳангӣ ва баъд сиёсии ӯро мисли заҳри бо шакар олуда маҳв менамояд.
Дар ҳоле, ки манфиатҳои иқтисодии кишварҳои хурду бузург дар фазои озоди иқтисодӣ ба ҳам бармехӯранд, хоҳ нохоҳ бозори озод корро ба манфиати моли арзон истеҳсолшуда ва нисбатан сифатнок ҳал менамоянд. Кишварҳои кӯчак ба кишварҳои истеъмолкунанда ва кишварҳои бузург ба истеҳсолкунанда ва нигаҳдорандаи вазъи бозор табдил меёбанд. Хоҳ нохоҳ ин ҳолат ба бозори истеъмолӣ воситаҳои рӯзгор ва сару либосро низ мекашад. Дар ибтидо воридкунандагони мол то як дараҷа кӯшиш мекунанд, ки молҳо ва сару либосеро ба бозори кишвари хурд ворид намоянд, ки табиати миллиашон созгор бошад, вале баъдан ба хотири ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ба маҳсулгардонии он даст мезананд. Бо чунин тарз, ба дунболи манфиати иқтисодӣ русуми зиндагии иҷтимоии бегона тавассути бозор ворид мешавад [11, с. 331-340].
Аммо ин як ҷанбаи масъала ва дуршавӣ аз аслияти фарҳангист. Дар чунин сурат истеҳсолкунандагони ватанӣ тадриҷан аз бозор берун мемонанд ва истеҳсоли миллии молҳои рӯзгор, аз ҷумла либоси миллӣ, рӯ ба харобӣ меорад. Албатта, ин масъала бояд барвақттар аз назари иқтисодӣ низ таҳлил ва чораҷӯи мегашт. Ба чунин вазъ дар ибтидо то як муддат истеҳсолкунандагони саноати атласдӯзӣ, қолинбофӣ ва дигар маҳсулоти миллии ватанӣ гирифтор шуданд. Кор то ба ҷое расид, ки занони мо на танҳо атласпӯширо аз хотир бароварданд, балки мо истеъдодҳо ва тарроҳони миллии ватаниро аз даст додем ва ҷойи либоси миллии моро либоси сиёҳи бегона ва қисман либоси аврупоӣ гирифт.
Хуллас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо кӯшиш ба харҷ дод, ки низоъми ҳуқуқи миллӣ вобаста ба манфиатҳои олии иқтисодиву иҷтимоии халқ ташаккул ёфта аз ташаббуси қонунгузории хеш ба таври судманд истифода намуда, бо мақсади баланд бардоштани вазъи иқтисодии мардуми кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, эҳёи расму русуми миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бадин васила дар инкишоф ёфтани институти низоми ҳуқуқи миллии кишвар замина гузошт.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016.
2. Маҳмудзода М. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия / М. Маҳмудзода // Дин ва ҷомеа. – Душанбе, №7, 2014.
3. Имомов А. Ҳуқуқи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Китоби дарсӣ) / А. Имомов. – Душанбе, 2016. – 424 саҳ.
4. Конрад Хессе. Основы конституционного строя ФРГ // Хоссе Конрад. – М.: «Юрид. Литература». 1981. – С. 308-312.
5. Керимов А.Д. Парламентское право Франции. – М.: Изд. НОРМА. 1998. – С. 136-144.
6. Холиқзода А. Бунёдгузори давлати миллӣ – Пешвои миллат / А. Холиқзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2015. – 172 саҳ.
7. Маводҳои Форуми дуюми ҳуқуқшиносони ҷавон // Зери таҳрири н.и.ҳ., дотсент Раҳмон Д.С. – Душанбе, 2018. – 197 саҳ.