Дар шароити муосир ҷомеаи ҷаҳониро бидуни Интернет ва шабакаҳои Интернетӣ тасаввур кардан мушкил аст, чунки Интернет ва шабакаҳои Интернетӣ осонкунандаи кори аҳолии ҷомеаи ҷаҳони гардидааст. Асри XXI , ки асри илму техника ва технологияи ҷаҳони муосир ба шумор меравад, техника техналогия ба суръати кайҳони ба пеш рафта истодааст.
Имрӯз дар радифи вожаи компютер вожаи дигаре бо номи Интернет вирди забонҳо гаштааст. Интернет, ки як шабакаи глобали ба шумор меравад тавваҷуҳи тамоми наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолонро ба худаш ҷалб намудааст. Барои ҳамин ҳам, дастрасӣ ба ин шабакаи воқеан мардумӣ ва саросарӣ ҳоло хеле осон гаштааст.
Агар, ки дар руи дунё 40% – ӣ истифодабарандагони шабакаҳои интернетро корхонаҳо, фабрикаҳо, бонкҳо ва дигар муссисаҳои миёна ва олии касби ташкил медиҳад гуем лекин 60% – ӣ онро наврасони аз синни 9-16 сола ва ҷавонони 17-20 сола боло, кӣ нисф зиёдашон ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии Интернетро надониста истифада мебаранд ташкил медиҳанд. Таҳлил ва баррасии иттилооти ҳамарӯзаи моҳворавӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо бештар баҳсу мунозираҳои ҷавонони диндор дар сомонаҳои интернетӣ, ба монанди «OK»,« Facebook »,« Skype »,« VK »,« YouTube » ва инчунин ба монанди инҳо дигар сомонаҳои шахсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сафи ҷавонони ифротгаро ва тундгаро рӯз то рӯз меафзояд. Албатта, тақвият ёфтани ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар замони муосир боиси нигаронӣ аст.
Зимни иттилои ҳамарӯза ба ҳамагон маълум гардидааст, ки имрӯзҳо бештар наврасону ҷавонон аз бетаваҷҷуҳи ва бемасулиятии падару модарон ба гуруҳҳои ифротгароии экстемистӣ ва террористӣ шомил мешаванд ва ба корҳои бад даст мезананд. Оғози шомилшави ба ин гуруҳҳо ана ҳамин шабакаҳои Интернети ва бозиҳои онлайнии компютери шуда метавонад, чунки имрузҳо мо бештар мушоҳида менамоем ва гуфтаҳам метавонем, ки бархе аз наврасону ҷавонон дар мактабҳои миёна таҳсили илм менамоянд ва аз хона бо гапҳои дуруғи худ “ ман ба мактаб меравам ” гуён ба марказҳои интернетӣ рафта вақти худашонро дар сомонаҳои шабакаи Интернет мегузаронанд. Бархе дигарашон бошанд ба шабакаи Интернетии онлайн пайваст шуда аз бозиҳое, ки зарари худро ба насли навраси ин ҷомеа ва давлат мерасонад машғул мешаванд. Воситаи дигаре, ки ба ҷавонон ва насли наврас зарари худро мерасонад, телевезион ва намоиши филмҳои хориҷӣ аз ҷумла филмҳои Туркӣ мебошад. Дар чунин филмҳо ҳар гуна фантазия ҷой дода шудааст ба насли наврас зарар расонида метавонад. Ин филмҳо наврасону ҷавононро ба гуногунандеши равона месозад ва онҳо худашонро ҳамчун қаҳрамони он филм шуморида, ин амалҳоро дар танҳои тақлидкорона иҷро менамоянд, агар мо сари вақт пеши роҳи онҳоро нагирем рӯзе ин қаҳрамониҳо ва бозиҳояшон ба ҳақиқат табдил меёбад.
Дар баробари он шабакаҳо ва сомонаҳои Интернетие, ки мо дар боло қайд карда гузаштем, боз ҳаст сомонаи видеоии YouTube барои гузоришу роликҳои экстемистию террористӣ аъзоёнашро аз ҳисоби бинандагони зиёд дастмуз пешниҳод намудааст, ки онҳо барои ба даст овардани пул воқеаҳоро ба сохту шакли пешниҳоднамудаи сомонаи мазкур инъикос мекунанд. Таваҷҷуҳ бояд дод, ки сомонаи зикргардида ҳатман назари хосаи террористию иттилооти худро ҷой дода тамошобинонро ҳатман ба гуногунандешӣ мебарад. Фаромуш набояд кард, ки сабабгори ба гуруҳҳои экстемистӣ ва террористӣ шомил шудани наврасону ҷавонон ин барномаҳои мухобиратӣ Imo, Viber, whats-App, Skype, ok, Instagram, Telegrаm ва бигар месенҷерҳо шуда метавонанд, чунки инҳо захиракуниҳои иттилоотӣ орӣ намебошанд.
Ин месенҷерҳо дар худ муколамаро маҳфуз нигоҳ медоранд. Воқеан ҳам ин барномаҳо ба воситаи интернет пайваст мегарданд ва ҳамаруза истифодабарандагонашонро таҳти контрол қарор медиҳанд. Чигунае, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз терроризм тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, ки боиси гуногун андешии омма гардида, ба ақидаҳои ғалате, ки қисме аз назариячиён ва доираҳои гуногуни сиёсӣ терроризмро ба дини мубини ислом шабоҳат медиҳанд, ягон асоси абъктивӣ надорад ва нахоҳад дошт. Ин гуруҳҳои террористи кушиш намуда истодаанд, ки ҳарчи зудтар аҳолии ин мамлакатҳоро мағзшӯи намуда ҳадафҳои худашонро пушти ниқоби динӣ ислом ва қиссаҳои эътиқодӣ диннӣ амалӣ намоянд, яъне боварии онҳоро ба даст оварда баъдан онҳоро даъват ба гуруҳҳояшон менамоянд. Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Баъзе қувваҳои экстемистӣ ва террористӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ таҳти шиорҳои исломи ба кирдорҳои ношоиста даст зада, дини исломро бадном месозанд».
Зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ичтимои терроризм рӯз то рӯз дар паси номи дини ислом худро пурқувваттар гардонида истодааст, ки ба воситаи ин идеалогияи диннӣ як қатор ҷавонон ва наврасонро ба вартаи марг мекшонад. Сабабгори ҳамаи ин омилҳо надоштани саводи кофии диннӣ ва техникии Компютерӣ мебошад, чунки имрӯзҳо чунин шахсон фирефтаи гурӯҳҳоӣ экстемистӣ ва террористӣ мегарданд.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии Интернетро хуб омӯхта, аз ҳизб ва дин бохабар шуда, барои чунин монеаҳои сунъии сохтакоронаи мағзшӯён омода шуда, муҳим аз ҳама забони онҳоро дониста бо забони худашон ҷавоби қатъӣ дода, худро ҳифз намоем.
Усмоналӣ Самиев – мутахассиси раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав