Имрӯз, 8 – уми октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шурои илмӣ – методӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд, оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа гузориши номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ Мамадғафуров Исмоил дар мавзуи “Конститутсия ва низоми давлатсозии навини тоҷикон” бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” шунида шуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласа гузориши раиси комиссия, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Муродов Алишер оид ба “Тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ дар факултетҳои донишгоҳ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (№553, аз 5.09.2009.)” шунида шуд.
Профссорон Гадозода Абдукибор ва Ғафуров Бобомурод ба музокира баромада фикру мулоҳизаҳои худро роҷъ ба аҳаммияти баррасии масъалаҳо изҳор доштанд.
Дар масъалаи сеюми рӯзнома муҳокима ва тасдиқи саволномаҳои фаннӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар масаъалҳои ҷорӣ пешниҳод карда шуд, ки тамоми саволномаҳо ва дастурҳои методие, ки аз ҷониби ҳайати устодон омода мегарданд аз Шурои илмӣ – методӣ гузаронида шаванд.
Дар охир раиси Шурои илмӣ – методии донишгоҳ, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ комёбии устодон маслиҳатҳои судманд доданд.