Китоб калимаи араби буда, дар луғатҳо ба маъноҳои маҷмуаи навиштаҳои ҷилдшуда навишташуда чизи навишташуда нома мактуб ва хат омадааст.
Замоне инсоният хатро ба вуҷуд овард, дониш ақидаҳои хешро дар шакли китоб омода сохт, то ки насли оянда аз он баҳравар гардад. Ҳамин тавр осори таърихӣ илмӣ динӣ ва бадеии гузаштагон дар шакли китоб то замони мо омада расидаанд.
Мутафаккири франсавӣ Ҷорҷ Эдгази менависад: “ Таърих ду кашфиёти бузург дорад яке ҳунари Кошифӣ ки моро бо китоб пайваст ва дигаре телевизион ки моро аз китоб дур сохт”.
Имрӯзҳо наврасону ҷавононро тамошои телевизион видео DVD истифодаи телефонҳои мобилӣ, интернет, бозиҳои коппютерӣ аз мутолиаву омӯзиш дур сохтааст. Ҳол он ки гузаштагони мо китобро хазинаи илму маърифат панду ҳикмат дӯсти холису бетамаъ васеи ин муқаддасоти миллӣ талош намоянд.
Китоб волотарин дороии маънавии инсон аст. Китоб ганҷинаи бебаҳои ҳама давру замонҳост. Он дурри гаронбаҳоест, ки асрҳои аср ба халқ хизмат мекунад. Дар он нуқтаи назар, хулоса, таҷриба мушоҳида,мулоҳиза ва бардоштҳои мардум дар паҳнои таърих гирд оварда шудаанд, аз ин рӯ китобро метавон хазинаи хирад манбаи дониш ва сарчашмаи маърифат номид. Китоб машъали фурӯзонест, ки ҷодаҳои зиндагии моро мунаввар ва ҳамагонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Тамоми дастоварду комёбиҳои абнои башар бо китоб иртиботи қавӣ дорад. Бо китоб ҳамдамӣ наҷуста онро амиқ наомӯхта дар зиндагӣ муваффақ набудан, ҳеҷ имкон надорад. Ҳар яки мо аз хурдӣ бо китоб унс гирифта, онро варақгардон карда хату савод мебарорем ва ба олам чашми хирад боз мекунем. Китоб минбаъд низ барои мо аслиҳае мегардад, ки ҳастиамонро аз ҳамамгуна нокомиву нобаробариҳо эмин медорад.
Бузургони мо “ беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст” гуфтаанд, бинобар ин мо бояд барои қадр кардани сухан, ҳикмат ва китоб ҳамеша талош варзем. Шоире аҳамияти китобро дар ҳаёти инсон хуб дарк намуда, барҳақ фармудаас:
Бе китоб, эй дӯстон, дунёи мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷрмӣ дар чанд маврид китобро васфу ситоишкунон онро “ аниси кунҷи танҳоӣ “ ва “ устоди бемузду миннат”- и инсон шуморидааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бувад бе музду миннат устоде,
Ба дониш бахшадат ҳар дам кушодӣ.
Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з- он як табақ дур.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷойи дигар ба китоб чунин баҳо додааст :
Дар ҷои дигар ӯ китобро “ хуштарин ёре дар ҷаҳон”, “ ғамхори ғамкадаи замона” ва “ роҳатбахши беозор” дониста, барҳақ овардааст.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Агар Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома”- ро “ кохи баланд” ва “ аз боду борон газандёбанда” ҳисобад, Саъдии Шерозӣ “ Гулистон”- и худро ҳамкшасабз медонад:
Ба чӣ кор оядат зи гул табақе?
Аз “ Гулистон” –и ман бубар варақе.
Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,
В- ин “Гулистон” ҳамеша хуш бошад.
Аҳамияти китоб, нақши он дар ҳаёти кас ва хусусияти умдатарини ин “ ҳамсуҳбати беғараз” дар қитъаи зерини шоири мумтози адабиёти классики тоҷик Камолиддини Биноӣ ба таври муъҷазу рӯшан ва ҳамчун насиҳату ҳидояти пири хирад ифода ёфтааст:
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Роҳатафзои ҷону роҳати дил,
Ҳар чи дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил.
Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид,
Ки на ранҷе диҳад, на ранҷонидан.
Халқи тоҷик аз азал китобхону китобофарин буд ва китоб барои ин халқ дар қатори дигар муқаддасот ҷой ва мавқеи баланд доштааст. Халқе, ки чунин худшинос буваду арҷгузорӣ ба китоб намояд, сазовори волотарин ситоишу таҳният аст. Ба ин маънӣ алома Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ чунин менигорад:
Ман бандаи он қавм, ки худро донанд,
Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонанд.
Аз зоту сифоти хеш созанд китоб,
Феҳристи китобро аналҳақ хонанд.
Хулоса, китоб дар ҳаёту фаъолияти ҳар як шахс нақши бузург мебозад.Суду манфиат ва аҳамияти китоб барои инсон интиҳо надорад, зеро нерӯи он имконоти он баҳри рушди ҳамаҷонибаи инсон беҳисоб аст.
Одам бидуни алоқа бо китоб инсони комил буда наметавонад ва ҳама ситоишиномаи китобро мунтаҳо ва мудао якест: бо китоб анису ҳамдам бояд буд, ба китоб рӯи ниёз бояд овард, пайваста китоб мутолиа бояд кард, то соҳибхираду муваффақ бошем ва дар зиндагӣ ҷойгоҳу мартабаи шоистаи худро биёбем.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба китобхонаю китобхонӣ бештар нигаронида шудааст. Дар тарбия ва бакамолрасии насли наврас китоб мавқеи бузургро ишғол менамояд, ки он кӯдакону наврасонро ба нерӯи созандагӣ, ташаккули ифтихор аз забону милати хеш ва ба эҳтирому посдории Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамун менамояд.
Хайрзода Рамазон, омӯзгори кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ