Имрӯз, 9 – уми октябр дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили илмии назди кафедраи молия, таҳти унвони “Хазинадор” баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур номзади илмҳои иқтисодӣ Раҳимов П.С., роҳбари маҳфили “Хазинадор” Эрматов М.С., донишҷӯён Шарифзода И. дар мавзуъҳои “Фондҳои асосӣ ва гардони корхона” ва Холиқов Э. “Идораи кадрҳо ва ташкили музди кор дар корхона” маърӯзаҳо карданд.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои мубрамми проблемаҳои муосири иқтисодиёти ҷаҳон мубодилаи афкор сурат гирифт.