Маҳмадалиев Саймумин- устоди кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Таърих собит намудааст, ки устувории ҳар миллату давлат ин пеш аз ҳама забони миллӣ аст. Миллату давлатҳое, ки дар давоми мавҷудияти таърихии худ бо тамаддун ва осори гаронбаҳо ба иллати аз даст додани руҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаҳои таърих дур шудаанд, кам нестанд.
Барои мисол давлати Мисри Араб таърих ва тамаддуни на кам аз 5-7 ҳазорсола дорад, вале забони расмию коргузории он арабӣ аст. Ва ё давлати Покистон, яке аз давлатҳои қудратманди Осиё, забони давлатиаш англисӣ аст. Давлати Ҳиндустон, ки пас аз Ҷумҳурии халқии Хитой аз нигоҳи нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекунад, забони ягонаи давлатии коргузорӣ надорад.
Маҳви забон маҳви миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст.
Забон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ сайри таърихии тулонӣ дорад. Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон ҳазорҳо сол пеш аз ин дорои як забон-забони ориёӣ буданд. Бо мурури замон ва гузашти садсолаҳо аз шохаҳои забони ориёӣ дигар забонҳо вобаста ба давру замон ва макону маҳалҳо ба вуҷуд омаданд.
Бо вуҷуди ҳама гуна тохтутозҳои бераҳмона, сӯхтору қатлу куштор ва шикасту парокандагиҳо, соҳибзабонон тавонистанд асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд.
Забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта тайи садсолаҳо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфт. Забони тоҷикӣ бештар аз ҳазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмию байналмилалӣ ба шумор мерафт.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Моддаи 2-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид менамояд, ки «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад.”[5, саҳ. 34].
Вобаста ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 таъкид дошт, ки «Ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо бояд забони давлатиро хуб донанд ва бо забони адабӣ ба таври озод суҳбат карда тавонанд. Дар таъини онҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад [6.12].
Тибқи талаботи моддаи 4-и Қонуни мазкур «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд. Меъёри муқарраргардидаи мазкур тағйироти муҳими ба Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида мебошад, ки барои истифодаи забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар пешбинӣ шудааст.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ низ истифода мешавад [3, саҳ. 4-5].
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои бахшида ба Рўзи забон ва дар дигар мавридҳо забони тоҷикиро ҳамчун рукни асосии халқу миллат, пояи устувори давлату ҳукумат гуфта, омили муҳими якдигарфаҳмии одамон, пайванддиҳандаи риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳо медонанд. Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушди камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд[6, 21].
Дар олам мардум бо зиёда аз шаш ҳазор забон ҳарф мезананд. Президенти кишвар, Пешвои миллат забони тоҷикиро аз муҳимтарин, зеботарин забонҳои олам шинохтаанд. Бештар маврид аз таърифи забон ба таърихи дуру дарози он сафар намуда, ватани забони тоҷикиро Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони Шарқӣ медонанд, ки баъд дар дигар марзу буми кишварҳои форсизабонон паҳн шудааст. Онро натиҷаи омезиш ёфтани чандин забонҳои ориёӣ, аз ҷумла авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ дониста, намунаҳои нави ёдгориҳои хаттиро аз асри VII ва таърихи ташаккули давраи нави забони дарӣ-тоҷикиро аз асрҳои IX-X дар давраи рушди қувват гирифтани Давлати Сомониён ба андеша мегиранд. «Қаламрави забони форсӣ аз баландиҳои Кавказ то Халиҷи Форс» ва аз Ғарби Эрон то Ҳинду Чин ҳамчун забони амалии давлатӣ ва забони муоширати байни қавмҳо ва халқҳои гуногун буда, дар осори хаттии халқҳои ғайритоҷику эронӣ ҳам нақши зиёде дорад. Аз ин рӯ, истиқомати тоҷикон ҳамчун омили воқеӣ метавонад нуфузи амалии забони тоҷикии форсиро дар ин қаламрав эҳё гардонад.
Имрӯз забони тоҷикии форсӣ ба ҷуз марзҳои алоҳидаи Тоҷикистон, Эрону Афғонистон дар Аврупою Амрико, Ҳинду Покистон ва дигар минтақаҳои олам доман паҳн кардааст.
Ин забон соҳиби илму маърифати хаттии беш аз сеҳазорсола буда, аз имтиҳонҳои сангин гузашта, намунаи барҷастаи пойдории миллат шуда омадааст. Вай се давраи бузурги таърихии Хохоманишҳо, Сосониён ва Сомониёнро гузашта, ба ҷаҳониён мероси бузурги маънавӣ эҳдо намудааст. Дар тӯли асрҳо калимаю мафҳумҳои забонҳои бегонаи юнонию ҳиндӣ, чинию арабӣ, туркӣ дар асри бистум калимаҳои русию аврупоиро оҳангҳои тоҷикӣ медод ва ҳоло ҳам ҳеҷ кас гумон намекунад, ки калимаҳои пахта, пиёла юнонӣ, обуна фаронсавист.
Ин забон бо вуҷуди рӯйдодҳои фоҷиабори таърих ба ҳамаи дигар забонҳои ғосибу ҳамсоя муқовимат карда, обутоб ёфта, дар лаҳзаҳои басо гуворо дар сухан лаззат мепарварид ва дар айёми ҷӯшу хурӯш, воқеаву ҳодисаҳои нангини таърих тундию тезии сиёсиву иҷтимоӣ касб менамуд. Вай дар ҳама гуна лаҳзаҳо ба сухан ҷилою ҷилваҳои тозаи савтию маънавӣ медод. «Агар гӯем, ки забони мо забони шеъру ҳикмат ва фарҳанги олии ватанамон аст, миллатро аз нобудӣ наҷот дод, муболиға нахоҳад шуд».
Фаъолияти Қонуни забон махсусан дар замони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд. Мардуми хирадманди Тоҷикистон дар ин давраи шукуфоӣ ба забон ҳамчун ба лаҳни поку гуворо, шефтаву шево назар андохта, бисёр камбудиҳое, ки бар асари таърих сар задаанд, аз нав ба мулоҳиза гирифта ислоҳ менамоянд. Фарзандони халқу миллат ва дунёи қадим то имрўз ба забон ҳеҷ гоҳ бетараф набуданд. Онҳо забони халқу миллати худро дўст дошта, ба он бо муҳаббату садоқат арҷ мегузоштанд, ҳазорҳо сол барои аз байн нарафтани забон, дар бораи асолаташ андеша намуда, дар рушду тақвият ёфтанаш кӯшиш мекарданд. Эҷодиёти шифоҳии мардумиро меомӯхтанд, муҳимтарин осори қавму халқҳо, беҳтарин китобҳои ҷаҳониро ба хотири пурэъҷоз мондани забони миллӣ аз дигар забонҳо тарҷума менамуданд.
Дар як суханронии дигараш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бори дигар дар бораи пок нигоҳ доштани забон, инкишофу аз лаҳҷаву шеваҳо дурӣ ҷустани он таъкид мекунад. Пешвои миллат хусусан, ба омӯзгорон, ки равшангари ақлҳову тарбиятгари маънавии миллат мебошанд, хоҳиш менамояд, ки сарфи назар аз ихтисоси худ ба забони тозаи адабӣ гап зада, шогирдони худро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия кунанд. Чунончи мегӯяд: “Ман борҳо доир ба эҳтиром ва арзиши забони тоҷикӣ изҳори ақида намудаам ва таъкид мекунам, ки ин забонро, ки мероси пурғановати миллати куҳанбунёди мо мебошад, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, ва онро инкишоф диҳем. Дар ин ҷода одоби забондонӣ, тарзи гуфтор ва дурӣ ҷустан аз шеваву лаҳҷаҳо боиси рушди забони модарии мо хоҳад гашт. Мо дар ин замина аз омӯзгорон хоҳиш менамоем, ки сарфи назар аз ихтисоси худ ба забони шевои адабӣ гап заданро, аз лаҳҷаҳо дурӣ ҷӯянд ва кӯшиш намоянд, ки шогирдонаш низ бо забони тоҷикӣ сухандон шаванд ва ба ширингуфториву нозукбаёнӣ одат кунанд ва дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба забони миллӣ тарбия ёбанд” [6, 12].
Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва хурсандии ҳар яки мост ва онро бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолият арзёбӣ кард.
Дар марҳилаи начандон тӯлонӣ макон ва эътибори забони тоҷикӣ ба андозае боло рафт, дар давоми чандин даҳсолаи асри гузашта ба ин андоза инкишоф наёфта буд. Дар давраи Истиҷлолияти давлатӣ ягон дастоварди илму фарҳанг, равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷикро бе иштироки забони тоҷикӣ тасаввур кардан мумкин нест. Гуфтори тоҷикӣ дар ҳамаи маҷлису маъракаҳо эҳтирому эътибор пайдо кард. Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар бобати таҳкими мавқеъ ва густариши забони давлатӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуд, як силсила тадбирҳо ба амал бароварда шуданд. Ҳар як ҷашну чорабиниҳо, бахшида ба Рўзи забон ва таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар покизагӣ ва рушду такомули минбаъдаи забони давлатӣ ва савияи баланди забономӯзии шаҳрвандони кишварамон заминаи самаровар мегузорад.
Агар ҳар як фарди миллат масъулиятшиносӣ ва ҳисси эҳтиром нисбат ба халқи худ, миллати худ ва забони модарии худ дошта бошад, бо саъю кӯшиши зиёд дар амалӣ гаштан ва риояи пурраи Қонуни забон ҳиссагузорӣ карда метавонад.
Хурсандибахш аст, ки солҳои охир маҷлисҳо ва коргузорӣ дар корхонаву ташкилотҳо ба забони давлатӣ-тоҷикӣ сурат мегирад. Иҷрои Қонуни забон дар ҷумҳурӣ аз муҳимтарин масоили сарнавиштсози миллат маҳсуб меёбад. Имрӯз ҳар як фард накӯ дарёфтааст, ки истиқлоли комили кишвар, ин истиқлоли комили забон, тозагӣ, рушду нумӯ ва ғановату фасоҳати он мебошад. Хеле хуш аст, ки аз файзи истиқлолу осоиштагӣ, имрӯз масоили забон дар радифи масоили муҳими сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил соҳиби забони худ аст.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир мардум кӯшиши зиёд доранд, ки забони адабиро беҳтару хубтар омӯзанд, бо ин забон сухандон гарданд. Муносибати мо ба забон бояд ҷиддӣ, босаводона ва оқилона бошад. Мо ҳақ надорем, ки забони модариамонро хору зор намоем. Ин поя ва рукни муҳими давлату миллат ҳамеша зарурат ба нигоҳубин ва ғамхорӣ дорад.
Адабиёт
Забон ва ҷомеа (маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе, “Деваштич”, 2006.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ҷумҳурият” , 6.11. 1994.
Қонуни ҶТ дар бораи забони давлатии ҶТ. “Фурӯғ”, 5.11. 2009, №15, 16
Маводҳои Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии ҶТ аз 22 июли 1989(дар шакли китобча)
Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, Шарқи озод, 2009, 520 саҳ.
Суханронии Президенти ҶТ Ба муносибати Рӯзи забон. –Душанбе, “Шарқи озод”, 2010.
Шукуров М. Забони мо -ҳастии мост. –Душанбе, “Маориф”, 1991