Имрӯз, 11 – уми октябр дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии сардори Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал – майор Мирзозода Нусратулло Неъмат бо ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён доир гардид.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ Ҳамдамзода Хурсанд ва оид ба корҳои тарбиявӣ Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмиддин, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал, ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат роҷеъ ба аҳаммияти гузаронидани ин вохӯрӣ дар шароити мураккабу печидаи вазъи сиёсии ҷаҳон изҳори андеша намуд.
Сипас, сардори Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал – майор Мирзозода Нусратулло Неъмат дар мавзуи “Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир” маърӯза намуданд.
Ҳамчунин номбурда қайд доштанд, ки мо бояд дар ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро тадбирҳо андешида, насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ба камол расонем.
Дар идомаи суханронӣ Мирзозода Нусратулло Неъмат донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи илму дониш ва касбу ҳунар роҳнамоӣ намуданд. Дар охир аз ҷониби ректори донишгоҳ ба сардори Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал – майор Мирзозода Нусратулло Неъмат “Сипоснома”-и донишгоҳ ва барои китобхонаи ин сохтори давлатӣ беш аз 200 нусха китобҳои таълимӣ, илмӣ ва бадеӣ ҳадя карда шуд.