Асру замоне, ки мо умр ба сар мебарем бисёр падидаву ҷараёнҳои хатарзову нигаронкунанда ҳамқадами мост. Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавӣ, кўшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идории давлат барин саҳнаҳо дар ҳар як гўшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист.
Он як навъ таҳдидест ба инсоният хатарнок ё ба ақидаи муҳаққиқи рус Болтунов М. – терроризм нафратест ва ин нафрати инсон нисбати инсони дигар ва инсон нисбати башарият мебошад. Пас, дар замони муосир тибқи сарчашмаҳо ва тадқиқотҳо проблемаи №1-и ҷомеаи ҷаҳон терроризм ва экстремизм мебошад.
Аслан, дар замони муосир дар атрофи мафҳуми терроризм ва экстремизм дигар мафҳумҳои ҳаммаъно пайдо шудааст, ки аз руй мазмуну мундариҷа бо он наздикӣ доранд. Ин ҳам бошад, мафҳумҳои террор, терроризм, экстремизм, сепаратизм, радикализм, генотсид, инквизитсия, низоъ, ҷанг ва ғайраҳо мебошад, ки мо рў ба рў мегардем, ки албатта нигаронкунандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошанд. Ҳамзамон мебояд таносуби террорро аз терроризм, терроризмро аз ҷангу низоъ ва террорро аз генотсид дарк намуд.
Террор, генотсид (қатли омм) шакли ноодилона ваҳшиёнаву бераҳмона ва муташаккилонаи ҷанг ба ҳисоб меравад. Тафовути ҷангро аз террор, террорро аз генотсид, терроризмро аз эксиремизм ва сепаратизмро аз радикализм дар асоси хусусиятҳои зерин метавон нишон дод:
ҷанг – (ҷанги мусаллаҳона) ба муқобили тарафи яроқнок ва ҷониби душман сурат мегирад;
террор – бо истифода аз қудрат, даҳшат ва зулм афкандан нисбати беяроқон ва истифодаи он на танҳо ба муқобили душман, балки ба муқобили худиҳост;
генотсид – сиёсатест, ки баҳри нобуд сохтани ин ё он авлод, қабила, аққалияти миллӣ ё шакли дигари умумияти этникӣ равона шудааст;
дар ҷанг – куштори зиёд бо харҷи зиёд аст;
дар террор – харҷи ночиз ва куштору зарари бешумор меорад;
дар генотсид – натанҳо куллан ҳуқуқи инсонро поймол мекунад,балки талафоти ҷонӣ оварда гурўҳои миллию этникӣ, нажодӣ ва ё диниро нобуд месозад;
ҷанг – ҷониби муқобилро ғайричашмдошт далеру нотарс ва ҷонфидо месозад;
террор – рақибро рўҳшикаста, сустирода ва ваҳшатзада мекунад;
генотсид – нафаққат ҷониби муқобилро решакан мекунад, балки арзишҳои инсониро ночиз шуморида нафрату бадбинии Ҷомеаи Ҷаҳонро ба миён меорад;
Тўли 150 сол тахминан то соли 1980 муҳимтарин шакли терроризм терроризми инқилобӣ ё худ ҷараёни чапгарои сиёсӣ (системавӣ) маҳсуб меёфт. Терроризми миллатгароёнаи Шарқи Наздик. Манбаи устувортарини фаъолияти махсуси террористӣ дар нимаи дуюми асри ХХ дар Шарқи Наздик ба вуҷуд омад. Барномаи амалиёти (платформа) идеологии аксари гуруҳои террористии дар Шарқи Наздик амалкунанда дар оғоз хусусиятҳои мухталиф дошт. Ҳадафи асосии онҳо миллатгароӣ,антисемитизм ва баъзан сотсиолизм буд. Агар ду ҳадафи аввал ба шуури сиёсии арабҳо мутобиқ бошад,пас дар масъалаи сотсиализм вазъият ранги дигар мегирад. Набояд фаромуш сохт, ки баъзе роҳбарони созмонҳои экстремистию террористии арабӣ мафкураи сотсиолистӣ ва ҳатто марксистӣ-ленинистӣ доштанд. Аммо як чиз мусаллам аст, ки онҳо барои ноил гардидан ба дастгирии сиёсӣ, молиявӣ ва ҳарбии ИҶШС ва дигар мамолики сотсиолистӣ садоқати худро ба идеологияи чапгарои иброз медоштанд.
Терроризм дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд намеояд. Омилҳое мавҷуданд,ки ба пайдоиши терроризм сабаб мешаванд. Дар замоне, ки ҷомеа масъалаҳои мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву идеологиро танзим карда наметавонад ва ҳолати бўҳронии ҷомеа дуру дароз ҳукмфармоӣ менамояд, давраи табдили арзишҳо ва ормонҳои сиёсӣ ба ҳолати сифатан нав ба вуҷуд меояд. Ба амал омадани амалҳои террористӣ дар зери таъсири омилҳои эътирозӣ низ ба ҳақиқат наздик аст. Он эътирозест бар зидди сохти сиёси, режими сиёсии ҳукмрон ва беадолатиҳои иҷтимоии ҷомеа, ки мақом ва нақши воқеии одамон, умумиятҳои гуногуни иҷтимоиро таҳриф менамояд.
Бенавоӣ, камбағалӣ, сатҳи пасти маърифат ба пуррагӣ омили бавуҷудорандаи терроризм нестанд. Шояд омилҳои номбурда то дарачае ба зуҳури терроризму ифротграроӣ мусоидат намоянд, аммо онҳо наметавонанд сабаби ягонаи пайдоиши ин зуҳурот шаванд. Решаҳои пайдоиши ифротгароӣ дигар омилу сабабҳоянд, ки онҳо эътироф намешаванд ва баҳри рафъи онҳо кўшишҳо ба харҷ дода намешаванд. Майл ба ифротгароиву терроризм вақте пайдо мешавад, ки дар ҳолати нобарории қувваҳо онҳое, ки наметавонанд ба қувваи афзалиятноки душман рўёрў муқобилият нишон диҳанд маҷбуранд ба дигар воситаҳо, ҳатто ба худтаркони рўй оранд .
Аксарияти кишварҳои олам аз ҷихати этникӣ гуногунчеҳраанд. Ҳокимияти давлатӣ навобаста аз сатҳи инкишофаш асосан дар ҳимояи манфиатҳои аксарияти миллӣ қарор дорад, ки ин манбаи эътироз ва муқовимати ақаллияти милии дигар мегардад.1 Дар замони муосир якчанд омилҳо боиси сар задан ва ё пайдоиши терроризм мегарданд:
1. Сиёсӣ – ноустувории сиёсӣ, мавҷудияти режими диктаторӣ, низоъи Шарқу Ғарб (дар масъалаи маданият, анъана ва сарватҳои табиӣ);
2. Иҷтимоӣ – иқтисодӣ- сатҳи пасти ҳаёт,бекорӣ (инсонҳои нодор баҳри соҳибсарват шудан чун дигарон дар дастзадан ба амалҳои вазнинтарини ҷиноӣ қудрат пайдо мекунанд);
3. Иқтисодӣ – терорризм имрўз хосияти савдо (бизнес) – ро ба худ гирифтааст. Ақидае мавҷуд аст,ки даромади ташкилотҳои терррористӣ аз даромади ташкалотҳои нефтистеҳсолкунанда баштар аст;
4. Динӣ – маҳдудсозии дин ва фишор ба диндорон, бартариятдиҳӣ ба мазҳабу оини худ ва дурўғин хондани мазҳабҳои дигар, ки аслан ин навъи фаъолият ва амалҳои канора дар муносибатҳои яке аз ҷараёнҳои равияи шиа-ваҳҳобизм ба назар мерасад;
5. Маънавӣ – бўҳрони маънавии ҷомеава сатҳи пасти маданияти сиёсии он;
Пешрафти техника, ташаккули воситаҳои информатсионӣ, модернизатсия ва глобализатсия барин падидаҳо дар паҳнгардии терроризм боис гаштаанд ки ҳар яки ин маънидоднамоии махсусро талаб менамояд. Инкишофи техника ба мураккабгардии дараҷаи амалиёти террористӣ (террористон бо яроқҳои наву хатаровар мусаллаҳ гардида доираи таъсиррасониашон аз доираи як давлат берун мебарояд).
Вокеаҳои 11 сентябри соли2001 мутахассисонро водор намуд, ки оид ба хатари инкишофи фаъоли терроризм ва экстремизм хулосаҳои зарури бароранд. Ин аст, ки дар асри ХХ1 падидаи номатлуби эстремизм ва терроризм ҳамчун хатар ва таҳдиди нави ҷомеаи ҷаҳон шинохта шудааст. Ин зуҳурот таъсири худро ба амнияти натанҳо минтақавӣ, балки байналхалқӣ мерасонад, ки аз ин инсоният ва давлатҳо дар ҳаросу таҳлукаанд. Дар замони муосир зери мафҳум ва амалиётҳои террористӣ мусулмоноро мебинанд. Ҳоло он, ки террорист ватан, давлат ва миллат надорад ва дар асри ХХ1 воситаи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ ва геополитикии кишварҳои алоҳида мебошад. Имрӯз созмонҳо ва гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ хусусиятҳо хосро соҳибанд:
· Ба як шабакаи глобалӣ мутаҳид мешаванд;
· Фаъолона ба гуруҳои сепаратистӣ ва экстремистӣ гуногуне, ки дар кишварҳои исломӣ таъсир доранд, роҳмеёбанд ва онҳоро ба худашон тобеъ месозанд;
· Аз кумакҳои бевосита ва бавоситаи молиявӣ ва дастгирии муташакилонаи кишварҳои бузурги соҳиби манофеи геополитикӣ дошта бархурдоранд;
· Ба созмонҳои зиёди хайриявии доираи фаъолияташон густурда ва фондҳои дигари иҷтимоӣ, ки бо ҳамдигар робита доранд, ҳамчунин, ба ёрии муассисоти динӣ (масҷидҳо, мактабҳои динӣ) такя мекунанд, ки баъзан чун низоми ҷамъоварии васоити молиявӣ, ҷалби аъзоёни нави гуруҳои террористӣ ва омодагии идеологии онҳо мусоидат мекунанд;
· Ҳадафҳои агресивие доранд, ки аз лиҳози идеологи хислати универсалии ягона доранд ва он ҳам идеяи “ҷанги муқаддас”(ҷиҳод) ба муқобили кофирон ва аз дин гаштагон мебошад, ки режимҳои ҳокими аксарияти давлатҳои мусулмонӣ чунин муносибатро доранд;
· Ба сифати мавзеъи амалиёт натанҳо мамлакатҳои мусулмонӣ, балки тамоми давлатҳоеро, ки дар онҳо ҷамъияти мусулмонон зиндагӣ мекунанд, интихоб менамоянд;
· Бештар ба амалҳое даст мезананд, ки талафоти оммавии аҳолии осоишта ҳадафи он аст ва ҳамчунин, террористони худкушро васеъ истифода бурда, ҳадафи муайни сиёсӣ надоранд.
· Аксаран мутобиқи нақшаи аз ҷониби яке аз асосгузорони радикализми исломӣ Сайд Қутб амал менамояд, чунин аст: а). Паҳн намудани идеологияи худ тавассути фаъолияти таблиғӣ; б). Созмон додани сохторҳои муташаккил ва ҷалб намудани аъзоён; в). Фаъолияти сиёсӣ бо мақсади ғасби ҳокимият.[1]
· Амалиёти террористӣ, махсусан дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI хеле афзоиш ёфтанд. Аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористи анҷом ёфта бошад, аз соли 1980 то 1986 шумораи онҳо ду баробар афзуд.
· Ҳоло дар ҷахон шумораи зиёди ташкилотҳои терророристи ба кайд гирифта шудааст:
1. Ташкилоти «Абду – Нидал»;
2. Гурўҳи «Абў- Сайёф»;
3. Гурўҳи мусаллаҳи исломӣ(«ГИА»);
4. «Аум»
5. Ташкилоти баскҳо «Ватан ва озодӣ»(«ЕТА»);
6. «Ал – Гама ал-Исломия» («Гурўҳи исломӣ» «ИГ»);
7. «Ҳамас»(Ҳаракати муқовимати исломӣ);
8. «Ҳаракатул Муҷохиддин»;
9. Ҳаракати исломии Узбекистон;
10. «Ал –Ҷиҳод»(«Ҷиҳоди исломии Миср»);
11. «Кхани –Чаи»;
12. Ҳизби коргарии Курдистон;
13. Палангҳои озодибахши Тамил-Илама»(«ТОТИ»);
14. «Артиши озодибахши миллӣ»(Колумбия);
15. «Ҷиҳоди исломии Фаластин»;
16. Ҷабҳаи озодибахши Фаластин.
17. Фармондиҳии асосии Ҷабҳаи халқии озодибахшии Фаластин;
18. «Ал – Қоида»;
19. «Аум синрикиё», (Ҳақиқати олии Аум).1
Ногуфта намонад, ки шумораи созмонҳои террористии ифротгаро, ки маъмултарни онҳо Ал-қойда мебошад20 ҳазор ҷангиёнро дар Афғонистон омода намуда, ҳангоми амалиёти махсус дар Афғонистон аз30 нафар сарфармондеҳи ин гуруҳ қариб нисби он куштаву асир гардиданд ва танҳо беш аз 2 ҳазор ҷангиёни қаторӣ нобуд карда шуданд. Яъне, қариб 18 ҳазор ҷангиёни омодаи ин гуруҳ тахминан дар 60 мамлакати ҷаҳон амал мекунанд.
Пешрафти техника, ташаккули воситаҳои информатсионӣ, модернизатсия ва глобализатсия барин падидаҳо дар паҳнгардии терроризм боис гаштаанд ки ҳар яки ин маънидоднамоии махсусро талаб менамояд. Инкишофи техника ба мураккабгардии дараҷаи амалиёти террористӣ (террористон бо яроқҳои наву хатаровар мусаллаҳ гардида доираи таъсиррасониашон аз доираи як давлат берун мебарояд).
Дар солҳои охир терроризм ба як мақоми махсуси бераҳмона ва хунин баромадааст. Таркишҳо дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ, дар қатораҳо, истгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои аҳолидошта амали гашта, махсусан дар ҷараёни ҷашнвораҳо ё маъракаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣбавуқуъ мепайвастанд. Мунтаззам, суиқасти ходимони давлатӣ, дипламатҳо, лидерони ҳизбҳо ва инчунин куштор, ғораткунӣ, забт кардани муассисаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳо ва ҳавопаймоҳо ин ҳама ҳодисаҳое мебошанд,ки дар солҳои охир дар саросари дунё мушоҳида мегардад. Аз тарафи дигар самтҳои ҷаддиду аҷиби терроризм зуҳур кардааст, ки инҳо терроризми ҳавоӣ, терроризми ядроӣ, терроризми биологлӣ, терроризми иқтисодӣ мебошанд. Илова бар ин, инчунин, вақтҳои охир бештар навъи дигари терроризм – терроризми кибернетикӣ аз худ дарак медиҳад, ки дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Масалан, терроризми иттилоотӣ баҳри бекор намудани низоми кори системаҳои компютерӣ нигаронида шудааст. Нақши системаи компютериро дар танзими муносибатҳои олами муосир ба инобат гирифта, пайхас намудан мумкин аст, бенизомӣ андохтан дар системаи мазкур ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа чӣ қадар мушкилиҳо меорад. Бесабаб нест, ки хатари терроризми иттилоотиро ба хатари ҷангҳои ядроӣ, химиявӣ ва бактеорологӣ як медонанд. Ҳамаи онҳо ба як қисми намоёни терроризми сиёсӣбурда мерасанд, ки мақсади он на ба даст овардани маблағ ё озод намудани маҳбусони ҷинояткор мебошанд, балки он бисёртар миқиёсан ва муҳташамона ба мақсадҳову манфиатҳои халқу давлат монеа эҷод менамояду халал ворид месозад.
Баъди анҷом ёфтани Ҷанги Сард ва пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ё дар маҷмўъ тағйир ёфтани харитаи сиёсии ҷаҳон назму низом ва хислату қонуниятҳои муносибатҳои байналхалқи шаклу симои худро ба кулли тағир дод. Бо бавуҷуд омадани кишварҳои ҷаддид ва баланд гаштани нуфузи давлатҳои ҷаҳони сеюм,кам шудани захираҳои энергетики,аз байн рафтани анархияи ҷаҳони(хараҷу мараҷ) коста гаштани омили ҳарбӣ дар ҷаҳон ё падид омадани зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризми байналхалқӣ боиси баташвиш омадни ҷомеаи ҷаҳон шудааст. Терроризми имруза – ин яроки пуркуваттарин ва воситае мебошад, ки на танхо чанг мукобили хукумат, балки худи хукумат барои ба даст овардани максади худ, истифода мегардад.
Дар ҳақиқат дар замони муосир таъсир ва эҳтимолияти хатари терроризм ва экстремизм дар тамоми минтақаҳо ба назар мерасад. Махсусан дар минтақаҳои геополитикӣ ба монанди минтақаи Шарқи Наздик ва минтақаи Осиёи Марказӣ чунин хатар ва таҳдидҳои терроризм ва экстремизм зиёд ба назар мерасад. Дар ин самт роҳҳои асосии пешгирии чунинтаҳдидҳо танҳо ҳамкороист. Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ ва шарқшиноси барчастаи муосири Русия Е. М. Примаков оиди масъалаҳои гуногуни экстремизми сиёсй, бахусус терроризм андеша ронда, ба раванди муборизаи зидди он ва роху воситаҳои чунин муқовимат андешаи зеринро иброз намудааст: «муборизаи зидди терроризм, бе ҳеч як шубҳа зарур аст, аммо он набояд ба кадом як чанге, ки боиси ҳисороти зиёди чонии ахолии осоишта мегардад, табдил ёбад. Боварй дорам яке аз мушкилоте, ки барои ҳамаи мо вучуд дорад, кайфияти зиддиисломй аст ва он шиддат мегирад. Терроризм ҳодисаест, ки муборизаи зидди он муттаҳидии хамаи кувваҳоро талаб дорад»[2].
Вобаста ба хусусиятҳои хоси асри ХХI, раванди ҷаҳонишавӣ ва зуҳури падидаҳои номатлуб, ҳамчунин зиддиятноктар гаштани манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат омил ва таъсири терроризм ва экстремизмро зиёдтар ва хавфноктар менамояд. Яъне, дар замони муосир таъсир ва хатари терроризм ва экстремизм ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар ду омил дида мешавад:
1. Омили дохилӣ-бедоршавӣ ва даргирии мухолифони кишвар ва ё ақалияти миллии кишвар, ки вобаста ба сиёсати пешгирифтаи давлат ба миён меояд;
2. Омили берунӣ-яъне омили геополитикӣ. Дар ин самт бо мақсади пиёдасозии ҳадафҳои геополитикӣ кишварҳои абарқудрат замина ва ё сенарияро тартиб дода, гуруҳҳои мухолифонро ба амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ ба сенарияҳои худ ҷалб менамоянд.
Дар ҳақиқат ин ду омили зикршуда, ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хеле таъсири ҷиддӣ гузошта метавонад. Дар ин радиф Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм манфиатдор буда, талоши пешгирии хатари ин падидаи асрро менамоянд. Зеро натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон нуқтаҳои заифӣ доранд, балки Чин ва Россия низ нуқтаҳои заифӣ ва ташвишоварро соҳиб мебошад, ки ҳар дам метавонад ба амнияти миллии худ таҳдид намояд. Бояд қайд намуд, ки бедоркунанда ва алангагирандаи нуқтаҳои заифии кишварҳо ба сифати терроризм ва экстремизм метавонад толибон ва пайравони давлати бо ном Исломӣ бошанд. Нуқтаҳои заифии кишварҳои Осиёи Марказӣ+Чин ва Россия дар ақалиятҳои миллӣ ва этникӣ дида мешавад. Масалан: Россия-минтақаи Қавқоз, Чин-минтақаи Уйғуристон ва ғайраҳо.
Асосан таъсири терроризм ва экстремизм ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ дар нуқтаҳои зерин ба назар мерасад:
1. Доир намудани амалиёти террористӣ дар кишварҳои минтақа бо мақсади нооромсозии вазъи сиёсии давлатҳои Осиёи Марказӣ;
2. Ба таври шабакавӣ якҷояшавии гуруҳҳои мухолифин бо гуруҳҳои террористӣ ва экстремистии Толибон ва давлати бо ном Исломӣ ва ба ин восита ҳуҷуми идеологӣ кардани онҳо ба кишварҳои минтақа;
3. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғотҳои гуруҳҳои мухолифини кишварҳои минтақа, метавонанд ҷомеаи солимро халарпазир ва сирояти идеологияи ифротӣ ва иртиҷоӣ намоянд.
Дар асри 21 хислату табиати муносибатҳои байналхалқӣ иваз шуда, нақши созмонҳои байналхалқӣ баланд гашта, дипломатияи бисёрсамта ба назар мерасад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай муборизаи бе поёнро алайҳи терроризм ва экстремизм ба роҳмондаанд. Яъне, ҳамкориҳио кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи терроризм ва экстремизм асосан дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба роҳ монда мешавад. Дар ин самт махсус сохторе мебошад ба ин самт равона гаштааст. Қисмати навбатии кор бештар ба нақшу стратегия ва ҳамкориву самтгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи терроризм ва экстремизм бахшида шудааст. Минбаъд тақдиру ояндаи амнияти минтавақии Осиёи Марказӣ-ро дар сатҳ ва хоҳиши ҳамкориҳои кишварҳои минтақа мешуморем. Умед аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пешгирӣ ва коҳиш додани терроризм ва дигар падидаҳо камари ҳикмат баста дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бо он гомҳои назаррас медиҳад.
Усмоналӣ Самиев – мутахассиси раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав
1 Ниг.: Зокиров Г.Н. Терроризм.. – Душанбе, 2004. – С.16
[1] Семен Багдасаров. Исламский радикализм-что делаеть?// Независимая газета.-14 сентября 2004 года.-С.11
1 Ниг.: Зокиров Г. Н. Терроризм.- Душанбе, 2004. – С.11- 10
[2] Вечерный Душанбе. -2000.-4 фев.