Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар тамоми мамлакатҳои шарқу ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст.
Панду андарзҳо ва андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо шавқу завқи беандоза чӣ пиру ҷавон ва чӣ марду зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд чӣ овозхонҳои мардумӣ ва чӣ оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд. Ба хотири ин абармарди бузург соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” эълон гардида буд, ки 800-умин мавлуди ӯ бо ташаббуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.
Мазмун ва мундариҷаи ғазалиёти шоир “Девони кабир” номгузори шудааст. Девон асосан ғазалиёти Ҷалолиддини Балхиро дар бар мегирад ва беш аз 50 – ҳазор байт дар он гулчин шудааст. Ғазалиёти адиб беш аз 7 – қарн аст, ки қалби ошиқони шайдоро гарм намуда ба инсонҳо ғизои маънавӣ бахшидаанд. Ғазалиёти Мавлоно на танҳо барои форсизабонони дунё маҳбубият, волоият арзандагӣ дорад, балки барои ҳамаи мардумони олам мақбулу машғуланд.
Ӯ дар ғазалҳояш ишқи инсон, дарду ғам ва бузургии инсонро ситоиш кардааст. Ҷалолиддини Балхӣ инсонҳоро ба якдигар баробару бародар медонист ва барои ӯ миллат, халқ, нажод ва тамаддун арзиши бузург дошт.
Бузургтарин асари ӯ “Маснавии Мавлавӣ”, ки соли 1259 ба навиштани ин асар сар кард ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди он машғул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад ва аз шоир ба мо 50 – ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқи мондааст.
Мавлоно Балхӣ яке аз нобиғагони назми классикии форсу тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун шоири беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморад ва ягонагӣ, иттифоқ ва ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно қодир аст, ки заминро ба осмон хешу табор гирдонад.
“Зиндаву ҷовид гашт ҳар ки накуном зист”, бале доштани номи нек ин обурӯю мартабаи инсонро баланд мебардорад ва номи шахси накукору некрафтор абадист. Яъне тарбияи ахлоқии инсон – ин худ доштани одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аст.
Барои ҳамин ҳам ба мо ҷавонони содиқи ватан зарур аст, ки ҳисси масъулиятшиносиро дар худ бештар ҷалб кунем ва баҳри ободии ватани азизи худ саҳмгузор бошему ватанро дӯст дорем, яъне ба омӯзиши адабиёти ниёгони худ инчунин ба омӯхтани илмҳои дақиқ ва донистани забонҳои хориҷӣ майлу рағбати зиёд дошта бошем то Ватани маҳбуби хешро бо дигар давлатҳои мутарақии ҷаҳон баробар намоем.
Исмоилов Ҷумабек – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ